Бозорҳои озод, пешгӯишавнада ва одилонаи кишоварзии глобалӣ метавонанд дар мубориза бо тағирёбии иқлим ва гуруснагӣ кӯмак расонанд, гуфта шудааст дар маъруза
Дар шароити тағирёбии иқлим, ки метавонад бо таври назаррас ба қобилияти бисёр минтақаҳои ҷаҳон дар истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ таъсир расонад, интизор меравад, ки савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар таъминоти сайёра бо озуқаворӣ ва эътино гардондан ба авҷгирии гуруснагии алоқаманд бо иқлим нақши муҳимро мебозад, гуфта шудааст дар маърузаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО).
Қоидаҳои савдои байналмилалӣ, ки зери ҳимояи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия шудаанд ва механизмҳои нави дар доираи созишномаи Парис таҳияшуда, ки барои эътино гардонидан ба тағирёбии иқлим равона карда шудаанд, метавонанд якдигарро пурра намоянд, таъкид шудааст дар маърузаи “Вазъи бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ”, соли 2018. Барои дастрас шудан ба мақсади мазкур тасҳеҳи сиёсати кишоварзӣ ва савдо дар сатҳи миллӣ бо мақсади кӯмак расонидан барои мубаддал гардондани бозори глобалӣ ба моҳияти амнияти озуқаворӣ ва асбоби мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим зарур мебошад, қайд шудааст дар маърузаи ФАО.
Ин аз он сабаб мебошад, ки тағирёбии иқлим нобаробар ба соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсир мерасонад, дар баъзе ҷойҳо агар шароити истеҳсолотро беҳтар намояд, ҳамзамон дар дигар ҷойҳо метавонад таъсири манфӣ расонад – бо ҳамин як қатор «ғолибон» ва «мағлубон»-ро ба вуҷуд меорад.
Дар маъруза қайд шудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар кишварҳое, ки дар арзҳои ба хати истиво наздик ҷойгир шудаанд – қисми зиёдашон аллакай аз кашшоқӣ, мавҷуд набудани амнияти озуқаворӣ ва камғизой ранҷ мекашанд – бештар зери таъсири тағирёбии иқлим қарор мегиранд. Ва баръакс, аз дигар тараф минтақаҳо бо иқлими муътадил метавонанд таъсири мусбӣ дошта бошанд, зеро ки ҳавои гарм метавонад ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.
Тибқи суханони директори генералии ФАО Жозе Гранитсиану да Силва барои пешгирӣ намудани фосилаҳои бештари иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ байни кишварҳои тараққиёфта ва рӯ ба тараққӣ «мо бояд таҳаввулот ва вусъати савдои маҳсулоти кишоварзиро, ки зери принсипҳои адолатнокӣ асос меёбанд ва таҳти мақсадҳои умумии аз байн бурдани гуруснагӣ, набудани амнияти озуқаворӣ ва камғизой фаъолият менамоянд, таъмин намоем.»
«Савдои байналмилалӣ потенсиали устувор кардани бозорҳо ва азнавтақсимкунии озуқавориро аз минтақаҳои маҳсулоти фаровон дошта ба минтақаҳои бо норасоии маҳсулот дучоромада, расондани кӯмак ба кишварҳо дар мутобиқшавиӣ ба тағирёбии иқлимро дорад ва саҳми худро дар амнияти озуқаворӣ мегузорад,» қайд намудааст ӯ дар сухани ифтитоҳии худ дар маъруза.
«Таъсири нобаробари тағирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон ва оқибатҳои он барои савдои маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ зарурати усулҳои санҷидашударо ба сиёсат таъкид менамояд, ки бояд нақши мутобиқшавандаи савдоро пурзур намояд ҳамзамон қабатҳои заифтарини аҳолиро дастгирӣ намояд,» гуфт Жозе Гранитсиану да Силва.
Вале барои ин «чораҳои сиёсии васеъ зарур мебошанд,» илова кардааст директори генералии ФАО. Сиёсати тиҷоратӣ, ки ба фаъолияти самарабахши бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, ки бо сиёсати дохилии соҳаи кишоварзӣ, ки ба иқлим зиёновар нест, сармоягузориҳо ва механизмҳои ҳифзи иҷтимоиро пешбарӣ мекунад, зарур мебошанд.
Тичорат ҳамчун механизми ҳифзи иҷтимой
Бисёре аз кишварҳо аллакай имрӯз ба бозорҳои байналмиллалӣ ҳамчун манбаи озуқаворӣ барои қаноатманд гардондани норасоиҳо бинобар сабаби нархи баланди маҳсулотҳои кишоварзӣ (барои мисол, дар кишварҳои дорои захираҳои маҳдуди об ва замин) ё ҳангоме ки иқлим е дигар офатҳои табий истеҳсоли маҳсулоти озуқавориро дар сатҳи миллӣ заиф мегардонанд, такя мекунад.
Масалан, дар Бангладеш дар соли 2017 ҳукумат барои баланд кардани воридот ва устувор кардани бозори дохилӣ пас аз якчанд обхезиҳои харобиовар, ки ба баландшавии нархҳои чакана барои маҳсулотҳои ғалладона зиёда аз сӣ фоиз бурда расонд, ҳаққи гумрукиро барои бириҷ коҳиш дод.
Ба ҳамин монанд, Африқои Ҷанубӣ – истеҳсолкунандаи анъанавӣ ва содироткунандаи холиси ҷуворимакка – бо мақсади коҳиш додани таъсири минбаъдаи хушксолӣ ба наздикӣ воридотро зиёд намуд.
Умуман дар гузориши ФАО гуфта мешавад, ки бозорҳои озод, пешгӯишаванда ва одилонаи байналмилалӣ барои савдо ва тичорат бо мақсади кӯмак расонидан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутобиқсозии иқлим муҳим мебошанд.
Бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки бозорҳои беҳтар муттаҳид кардашуда нақши мутобиқшавии тиҷоратро ба тағирёбии иқлим тақвият мебахшад, барои кишварҳое, ки аллакай ба воридоти озуқаворӣ вобастагии зиёд доранд, ин вобастагиро бештар мегардонад, ҳисобот қайд менамод. Ҳамин тариқ зарурияти баррасӣ намудани вазифаҳо ва афзалиятҳои миллӣ таъкид карда мешавад.
Имкониятҳои иловагии сиёсӣ
Ғайр аз чораҳои интегратсияи бозор боз доираи васеи роҳу усулҳо барои самаранок кор кардани тиҷорати кишоварзӣ бо мақсади кӯмак расонидан ба фермерон барои мустаҳкам намудани устуворӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирӣ намудани амнияти озуқаворӣ ва кам кардани сатҳи ихроҷи газҳои парникӣ дар соҳаи озуқаворӣ мавҷуд ҳастанд, қайд крада шудааст дар гузориши ФАО.
Дар сатҳи миллӣ, хароҷотҳои марбут ба таҳқиқотҳо ва таҳия намудан, инчунин хизматрасониҳо оид ба паҳн намудани дониш дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ҳавасманд кардани фермерон баҳри татбиқ намудани усулҳои барои иқлим бехавфро дар бар мегирад. Хароҷотҳо барои барномаҳои экологӣ ва хизматрасониҳо дар соҳаи экосистема, ки таъсири манфии ихроҷҳоро аз фаъолияти кишоварзӣ бартараф менамоянд, ягон хел ба тиҷорат таъсир намерасонанд.
Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки зери таъсири тағирёбии иқлим қарор доранд дастгирии фермерон махсусан метавонад нишондиҳандаи калидӣ барои рақобатпазир гаштани онҳо ва мувозинати беҳтарро байни содирот ва воридот дастрас намудан гардад.
Ҳамаи ин имкониятҳоро метавон бо қоидаву тартиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳамчунин ӯҳдадориҳои нав дар дооираи созишномаи Порис мувофиқа намуд – ягон низоъи фундаменталӣ байни сиёсат дар соҳаи тағирёбии иқлим мувофиқи созишнома ва қоидаҳои ҳамаҷонибаи савдо вуҷуд надорад, таъкид шудааст дар ҳисобот.
Тамоюлҳои охирин дар соҳаи тичорати маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи глобалӣ
Дар маъруза инчунин шарҳи самараноки системаи байналмилалии тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои охир ва тамоюлҳои асосӣ дарҷ шудаанд.
Гарчанде ки инкишофи босуръати тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни солҳои 2000 ва 2008 дар солҳои 2009 – 2012 ба таназзул омад ва баъд бо рушди заиф иваз шуд, тасвири умумӣ чунин аст, ки дар робита бо нишондиҳандаҳои арзиши тичорати маҳсулоти кишоварзӣ байни солҳои 2000 ва 2016 – аз 570 миллиард доллари ИМА то 1.6 триллион доллари ИМА бо тариқи назаррас афзуд.
Қисмати зиёли ин афзоиш бинобар рушди иқтисодӣ дар Чин ва ҳамчунин афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба биосӯзишворӣ ба вуҷуд омада буд.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ҳиссаи кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба инкишоф дар тиҷорати ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамзамон бо баланд шудани сатҳи даромади аҳолӣ ва коҳиш ёфтани камбизоатӣ бо тарзи назаррас афзудааст. Ин боиси афзоиши истеъмол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ гардид ва ҳамчунин баланд шудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар навбати худ ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ на танҳо ба бозорҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфтаи давлатҳои тараққикарда, балки дар дигар кишварҳои Ҷанубии глобалӣ бурда расонд.
Дар ҳақиқат, дар ҳоле, ки содиркунандагони анъанавии бузурги озуқаворӣ аз қабили Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар робита бо нишондиҳандаҳои арзишӣ содиркунандагони калонтарин боқӣ мемонанд, навкорон бо сарварии онҳо рақобат мекунанд.
Масалан, дар давраи аз соли 2000 то 2016, Бразил саҳми худро дар тиҷорати ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ аз 3.2 то 5.7 фоиз афзун намуд, Чин бошад Канада ва Австралияро гузашта, дар зинаи чорум дар ҷаҳон байни содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ қарор гирифт, Индонезия ва Ҳиндустон бошанд содироти маҳсулоти кишоварзии худро барои ворид шудан байни даҳҳо бузургтарин содиркунандагони маҳсулоти озуқаворӣ зиёд намуданд (8ум ва 10ум, мутаносибан).
Рӯзноманигорон & ҳайати таҳририя:
Барои аксҳо, аудио клипҳо, маводи видеой & роликҳои хабарӣ бо телефони (+39) 06 570 53625 ё ин ки FAO-newsroom@fao.org дар тамос шавед.
Воситаҳои интернетӣ (онлайн): Аксҳои хабарҳои ФАО дар аккаунти Flickr
Шуъбаи интернетии хабарҳои ФАО RSS навори хабарии баёнияҳои матбуотии ФАО
Хабарҳои ФАО дар Твиттер (@FAOnews)