Баландшавии бошиддати нархи гандум бинобар сабаби хушкии ҳаво

Нишондиҳандаи нархҳои маҳсулоти озуқавории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар моҳи август бо дарназардошти он ки қимати маҳсулоти ғалладонагӣ боло рафта, нархи равғанҳои растанӣ ва шакар коҳиш меёбад, муътадил боқӣ мемонад.

Нишондиҳандаи моҳона, ки имрӯз ба нашр расид, дар моҳи август 167.6 дараҷаро нишон дода, дар муқоиса бо қимати баррасишуда дар моҳи июл воқеан бетағир мемонад ва 5.4 фоиз пасттар аз сатҳи он дар моҳи августи соли 2017 ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи нархи маҳсулоти ғалладонагии СОК (ФАО) дар давоми моҳ 4.0 фоиз афзуда, бинобар сабаби бад шудани вазъи ҳосилнокӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия нархи гандум ду барабар баланд гардид. Қимати ҷуворимакка дар сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 3.0 фоиз афзуда, дар ҳоле ки нархи биринҷ дар давоми моҳ коҳиш ёфтааст.

Нишондиҳандаи нархи равғани растании СОК (ФАО) аз моҳи июл 2.6 фоиз паст шуда, ба сатҳи пасттарини се сола баробар шуд, ҳангоме ки талабот ба равғани нахл, сойа ва офтобпараст тамоюлҳои мусоиди истеҳсолот ба шумор мераванд. Ҳол он ки равғани нахл барои воридот кардан дар сатҳи ҷаҳонӣ талаботи заиф дорад.

Нишондиҳандаи нархи маҳсулоти ширии СОК (ФАО) коҳишёбии мунтазамро дар моҳи сеюм, яъне дар моҳи август ба қайд гирифта, то 1.5 фоиз байни якчанд ҳаҷми мавсимӣ нисбатан паст шуд. Ҳангоме ки хушксолӣ метавонад таъсири манфии худро ба афзоиши истеҳсоли шир дар баъзе қисматҳои Аврупо ва Австралия расонад, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти номбурда дар Зеландияи Нав беҳтар мегарданд.

Нишондиҳандаи нархи шакар дар СОК (ФАО) аз моҳи июл то 5.4 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи аз ҳама пасттаринро дар давоми даҳсола дастрас намуд, ки бештар ба пастшавии қурби асъори содиркунандагони асосӣ Бразил ва Ҳиндустон вобастагӣ дорад.

Нишондиҳандаи нархи гӯшт дар СОК (ФАО) дар давоми моҳ дар маҷмӯъ тағир наёфтааст, чунки қимати гӯшти хук ва гӯсфанд бинобар манбаъҳои қавии воридотии Чин афзоиш ёфт. Бинобар сабаби мавҷудияти маҳсулоти содиротӣ аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико сатҳи коҳишёбии қимати гӯшти мурғ ва чорвои калони шохдор пешгирӣ карда шуд.

Пешгӯиҳои нав барои истеҳсоли ғалладонагиҳо дар саросари ҷаҳон

Айни замон СОК (ФАО) истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2018 барои расидан ба 2 587 миллион тонн бо баландшавии назарнорас аз мохи июл пешбинӣ мекунад. вале сатҳи минималии сесоларо ва 2.4 фоиз пасттар аз сатҳи рекордии соли гузаштаро дар назар дорад.

Шарҳи мухтасари таъминот ва талаботи маҳсулотҳои ғалладонагӣ, ки имрӯз ба нашр расид, то 14 миллион тонн коҳиш ёфтани истеҳсоли гандумро дар сатҳи чаҳонӣ барои соли ҷорӣ пешбинӣ мекунад, ки айни замон қариб 722 миллион тоннро, ки ҳосили аз ҳама камтарин аз давраи соли 2013 мебошад, ташкил медиҳад,. Боду ҳавои хушк ва гарм талафоти ҳосилро дар атрофи Аврупо пурзӯртар гардонд.

Аз ҷониби дигар, аз моҳи июл истеҳсоли ғалладонагиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ то 15 миллион тонн пешбинӣ карда шуда, бо имкониятҳои беҳтар барои истеҳсоли ҷуворимакка дар Чин, Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки комилан коҳишёбии истеҳсолотро дар Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия рупӯш мекунад, шароит фароҳам меорад. Айни замон СОК дар соли 2018 истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиро дар ҳаҷми 1 354 миллион тонн, ки тақрибан 2.6 фоиз пасттар аз соли 2017 мебошад дар назар дорад. Дар баробари ин истеҳсоли биринҷ дар ҷаҳон ба 1.3 фоиз нисбат ба соли гузашта меафзояд ва дар соли 2018 рекорди нав қариб 512 миллион тоннаро дастрас мегардад, ки ба он афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар Бангладеш ва Ветнам ва усулу воситаҳои қавитар барои барқарорсозии истеҳсоли маҳсулоти мазкур дар Шри Ланка ва Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунанд.

Бинобар захираи ҳаҷми бештари ҷуворимакка барои хӯроки чорво ва исттифодаи саноатӣ, инчунин ҷамъоварии ҳосили устувори биринҷ СОК (ФАО) истеҳсоли зироатҳои ғалладонаро дар сатҳи ҷаҳонӣ то ба 2 648 миллион тонн пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин захираҳои маҳсулотҳои галлагӣ алахусус дар Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия коҳиш меёбад ва коэффитсиенти зихираи ғалладонагиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ то 27.3 фоиз паст мешавад, ки ба сатҳи минималии панҷсола мувофиқат мекунад. Савдои маҳсулотҳои ғаллагӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2018/2019 то ба 414 миллион тонн пешбинӣ карда шудааст, ки тақрибан 1.5 фоиз пасттар аз сатҳи рекордии соли гузаштаро ташкил медиҳад.

www.fao.org