Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор дошт, ки нархи имрӯзаи пиёз дар бозорҳо — 60-80 дирам барои 1 кило ҳам барои деҳқон ва ҳам харидор қобили қабул аст.
«Албатта, нисбат ба солҳои пешин ин арзонтар аст, лекин ба кишоварзон зиёни зиёд нарасидааст, — гуфт ӯ. — Афзоиши истеҳсоли пиёз аз ҳисоби зиёдшавии ҳосилнокии он ба вуҷуд омад, ки дар навбати худ дастрасӣ ба тухмии хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба он мусоидат намуд».
Ба иттилои вазир, нимсолаи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон наздики 72 ҳазор тонна пиёз истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 18,4 ҳазор тонна зиёдтар аст ва захираҳо имкон медиҳанд, ки ҳаҷми содироти он то ба 100 ҳазор тонна расонида шавад.
Зимнан зикр гардид, ки «барои афзоиши ҳаҷми содироти пиёз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ ҳарчи бештар бунёди марказҳои захираву нигаҳдорӣ ва идоракунии маҳсулот (логистика) зарур аст».
Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20180717/vaziri-kishovarz-sababi-arzonii-piyozro-shar-dod