Қазоқистон ҳар моҳ метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.
Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба маҷаллаи «Власть»-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.
Гуфта мешавад, муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.
“Соли оянда метавонем то 1,2 миллион тонна бензинро ба ин кишварҳо содирот кунем. Бо дарназардошти арзонии воридоти маҳсулот аз Қазоқистон нисбат ба Русия, мутмаинам дар ин кишварҳо муштарии зиёде хоҳем дошт”, — афзудааст Дониёр Тиесов.
Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, феълан як литр бензини навъи АИ-92 то 8 сомонӣ қимат дорад.
Ба ақидаи коршиносон, дар зудтарин фурсат арзиши як литр гази моеъ, ки аз он ҳудуди 80 дарсади мошинҳои Тоҷикистон истифода мекунанд, то ба 6 сомонӣ хоҳад расид.
Айни замон Тоҷикистонро бо бензин қариб пурра Русия бо меъёри сифри содиротии гумрукӣ таъмин мекуанд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба бензин на бештар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон наздики 73 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.
Феълан сӯзишвории бештар мавриди истифода қарордошта дар ҷумҳурӣ гази моеъ мебошад, ки то 90%-и он аз Қазоқистон ворид мешавад. Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ беш аз 151 ҳазор тонна аз ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки қариб ду маротиба аз бензини воридшуда аз Русия зиёдтар аст.
Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20180629/ba-ivazi-gaz-azoiston-ba-toikiston-benzin-mediad