«Биншонидан ва парваридани дарахти бороваррисолати ҳар яки мост»-Садриддин Ҷӯраев

Ҳар ҳафта дар яке аз мактабҳои шаҳраку рустои вилояти Хатлон бо иштироки толибилмони синфҳои нӯҳу даҳ, волидони онҳо, ҳамчунин омӯзгорону сокинони табиатдӯсти маҳал дар чаҳорчӯби Лоиҳаи саломатӣ ва ғизо, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар вилояти Хатлон (USAID) пиёда шуда истодааст, силсилаи дарсҳои амалии тамринотӣ баргузор мегардад, ки ба мавзӯи боғдорӣ, парвариш ва нигоҳубини дарахтон, бо ин таъмини дастурхони мо бо ғизои солим бахшида мешаванд. Дар назар аст ин силсиладарсҳо то моҳи ноябри соли 2018 идома ёбанд. Ҳамон тавре дастандаркорони Лоиҳаи мазкур иброз медоранд, ҳадаф аз баргузории ин дарсҳо омӯзиши тарзи дурусти нигоҳубини дарахтони боровару мевадиҳанда ва бад-ин тартиб рангоранг гардидани ғизои мардуми русто аст.

gizo2

«Аз замонҳои қадим, мардуми тоҷик бо заминдориву деҳқонии худ машҳуру маълуманд. Меваҳои офтобии Тоҷикистон ҳам ба таври тару тоза ва ҳам хушкмева ба кишварҳои дуру наздик содирот мешаванд. Сарфи назар аз он, ки 93% кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, мо минтақаи аграрӣ буда, кишоварзӣ дар хуни ҳар яки мо ҷорӣ мебошад. Бинобар ин, Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо қарор дод, то малакаҳои хуби боғдориро аз мизи мактабӣ ба кӯдакон таълим диҳад«, — мегӯяд Лола Мадазимова, мутахассис оид ба пешбарии малакаҳои ҳаётии Лоиҳа. — «Агар дар оянда ин кӯдакон дар дигар соҳаҳо кор кунанд ҳам, онҳо дар ҳар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳадди ақалл чор дарахти мевадиҳанда доранд. Ва агар бо ин дарахтон муносибати дуруст ба роҳ монанд меваҳои солим ба даст мегиранд. Таъмини ғизои солим бошад яке аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа мебошад», — илова намуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзии вилояти Хатлон 300 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бино бар маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон танҳо дар соли 2017 дар майдони 1340 гектар боғҳои нав бунёд шудаанд. Имсол низ бунёди боғҳои нав идома хоҳад ёфт. Ин ҳама боғзорҳо нигоҳубини дурустро тақозо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз барои баргузории дарсҳои тамринотии мазкур Садриддин Ҷӯраев номзади илмҳои кишоварзӣ, роҳбари бахши боғу токпарварии Лоиҳа оид бо кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ҷалб шудааст. Аз сӯҳбатҳои самимӣ ва ибрози назари неки теъдоди зиёди ширкаткунандагони ин дарсҳо маълум мегардад, ки онҳо аз амалӣ шудани барномаи мазкур шоду қаноатманд ҳастанд. Рӯзномаи АгроинформТҶ тасмим гирифт, барои дарёфти маълумоти бештар ба олим ва коршиноси соҳаи кишоварзӣ Садриддин Ҷӯраев перомуни аҳамият ва муҳимияти дарсҳои амалии баргузоршаванда сӯҳбате ороста бошем.

Хабарнигор: Шумо тасмим гирифтед, ки тарзу усули дуруст ва илман асосноки кӯчаткунӣ, пайвандсозӣ, хомтоккунӣ ва нигоҳубини дарахтонро ба мардуми русто биёмӯзонед, то онҳо бо истифода аз ин донишҳо бештар дарахти боровар биншонанд ва бад-ин тартиб, аз ҳосили он зиндагӣ ва рӯзгори хешро обод созанд. Дар чаҳорчӯби ин Лоиҳа ба ин амали хайру савоб, яъне дарахтпарварӣ толибилмон низ ҷалб шудаанд, ки мусалламан, иқдоми нек аст. Лиҳозо, мехоҳам сӯҳбатро дар мавриди аҳамияти омӯзиши дарахтшинониву дарахтпарварӣ барои насли наврас дар даврони муосир шурӯъ бикунем

С.Ҷ.: Дарахтшинониву дарахтпарварӣ, бахусус, боғпарварӣ барои насли наврас дар даврони муосир аҳамияти хоса дорад. Муҳимаш, ҷавон ё толибилме, ки аз ин омӯзишҳо баҳравар мешавад, пеш аз ҳама аҳамияти ғизои солим, маърифати истеъмоли ғизоро дарк менамояд, ки барои касб кардани дониши фарохтар ва таҷрибаи беҳтари фарҳанги ғизо ва саломатӣ мусоидат менамояд. Меҳру муҳаббати насли наврас нисбат ба табиат, тозагии муҳити атроф, сабзкории хиёбонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин ва ҳифзи он афзун мегардад.

Мевагиҳо маҳсулоти муҳими ғизоӣ барои инсон ба ҳисоб мешаванд. Маҳсулоти боғдорӣ – мева, ғуҷуммева ва мағз ба миқдори зиёд қанд, равған, моддаҳои минералию хушбӯй, витаминҳои гурӯҳи В, С, РР, Е ва ғайраро доранд. Аз микро ва макроэлементҳои ғизоӣ бой мебошанд. Инсон зиёда аз 81 унсури кимиёвии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад. Меваю мағз ғизои шифобахш ва манбаи ашёи хоми саноати хӯрокворӣ, қаннодиву дорусозӣ мебошанд. Истеъмоли бисёр меваҳоро ба беморон ҳамчун ғизои парҳезӣ тавсия медиҳанд, аз ғуҷуммева, мева ва мағзи онҳо мураббо, полуда ва хушоб пухта, қандалоту шарбатҳои хуштаъм тайёр мекунанд.

Хабарнигор: Вале боиси таассуф аст, ки теъдоди зиёди ҳамватанони мо дар мавриди ғизонокии меваҳои дарахтон иттилои камтар доранд. Лиҳозо аз он меваҳо камтар истеъмол менамоянд. Бинобар надоштани дониш ва ё малакаи казоӣ, бепарвоии баъзе аз ҳамватанон дарахтон низ ба гуна-гуна бемориҳо мубтало мешаванд. Шояд дар ҷараёни дарсҳо ба ин мавзӯъ низ таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад?

С.Ҷ.: -Дарахтҳо низ мисли инсонҳо ҳастанд. Онҳо низ бинобар омилҳои гуногун бемор мешаванд. Донистани ин омилҳо барои ҳамагон, хоссатан, барои навҷавонон аҳамияти зиёд дорад. Ман барояшон шаш сабаби асосии беморшавии дарахтонро тавзеҳ медиҳам ва хоҳиш мекунам, ки он донишҳоро дар зиндагии хеш барои ҳифзи дарахтон истифода баранд:

  1. Осеби механикӣ аз сабаби боридани барфи зиёд ва шикастани навдаҳо, зараррасонҳое, ки пӯсти дарахтро мехоянд ва захмӣ мекунанд, зараррасонҳо ва ҳашаротҳое, ки ба гулу баргу мева зарар мерасонанд, бориши жола, беэҳтиётӣ ҳангоми кор дар боғот, инчунин ҳангоми ҳосилғундорӣ, ки ба шикастани шоху навдаҳо оварда мерасонад.
  2. Зарари ҳарорат, яъне хунукиҳои шадид, офтоб-сармо, сардиҳои баҳор ва гармии аз ҳад беши чиллаи тобистон.

3.Норасоӣ ё аз ҳад зиёд будани намнокӣ, яъне рутубат.

  1. Ба беморӣ мубтало кардани дарахтон аз тарафи паразитҳо(муфтхӯрон) ки аз 3 гурӯҳ иборатанд: замбӯруғҳо, бактерияҳо ва вирусҳо.
  2. Иллатёбӣ ё зарари ҳашаротҳо ба гулу баргу мева.
  3. Норасоии унсурҳои ғизоӣ.

Пешгирӣ ва табобат (ё муолиҷа)-и дарахтони сироятёфта ё гирифтори касалӣ аслан рисолати мутахасиссони соҳавӣ: агрономҳои ҳимояи растанӣ – энтомологҳо ва фитопатологҳо мебошад.

Хабарнигор: Оё мо метавонем бо парвариши дарахтон ҳавои муҳити зисти худро софу беғубор ва заминро аз шӯрхокшавиву харобшавӣ эмин дорем?

С.Ҷ.: Растаниҳои сабз, аз қабили дарахтон дар сайёра таъмингари ҳамагуна шароит барои организмҳои зинда мебошанд. Пеш аз ҳама онҳо ба муҳит оксиген хориҷ мекунанд, ки бе он нафаскашӣ ғайриимкон аст. Худ қазоват кунед! Як дарахти муқаррарӣ дар давоми сол оксигени хориҷ мекардагиаш оилаи 4 нафараро дар давоми як сол таъмин менамояд. Як автомобил бошад, дар давоми 2 соат 2 сола оксигени хориҷкардаи як дарахтро истифода мебарад.

Дарахтон сарчашмаи ғизо барои аксарияти организмҳои зинда мебошанд. Барги дарахтон намнокии мӯътадили микроиқлимӣ муҳайё мекунад, инчунин заминро аз нурҳои шадиди офтоб ва бодҳои хушккунанда ҳимоя менамоянд. Решаи дарахтон бошад, заминро аз лағшиш, бодхӯрдашавӣ, хокшусташавӣ боз медорад. Ҳамзамон заминро мустаҳкам дошта аз ҷаршавӣ (оврагообразование), харобшавӣ ва шӯршавӣ эмин медорад.

Хабарнигор: Посухи чунин савол, фикр мекунам, ба аксари ҳамватанон ҷолиб аст. “Чаро мо бояд бештар дарахтони мевадиҳанда бишнонем?”

С.Ҷ.: Дар сурати машғул шудан ба боғдорӣ аҳолии минтақаи Қӯрғонтеппа метавонад даромади бештар гираду худро бо ғизо таъмин намояд. Сатҳи даромади худро боло бардораду қудрати харидорӣ намудан ва ё истеҳсол кардани маводи хӯрокавории серғизоро пайдо кунад. Парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва беруна имконият медиҳад, ки ҷойҳои корӣ пайдо шавад, буҷаи хонавода ғанӣ гардад ва сатҳи зисти мардум боло равад.

Бояд бигӯям, ки аксарияти ноҳияҳои вилояти Хатлон аграрӣ мебошанд ва теъдоди зиёди толибилмони мактабҳо мехоҳанд дар оянда тақдири хешро бо замин ва боғдорӣ пайванд созанд. Аз ин рӯ, зарур аст, то мо ҷавононро аз ҳамон овони хурдсолӣ ба дарахтпарварӣ омода кунем. Гузашта аз ин, Ҳукумати кишвар беш аз пеш ба рушди кишоварзӣ, бунёди боғзорҳои нав таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар ин росто кишоварзону фермерҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Хабарнигор: Яъне мо метавонем бо васеъ кардани майдони боғзорҳои кишвар сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорем?

С.Ҷ.: Васеъ кардани майдони боғзорҳои кишвар ин мусоидат ба хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва оилавӣ барои афзун намудани даромад ва истеҳсоли маводи хӯрокворӣ барои истифодаи шахсӣ, ҳамчунин беҳтар намудани сатҳи беҳдошт ва таъминот бо озуқа иборат мебошад. Тараққӣ додани занҷири афзоиши арзиши мева ба мардуми деҳот имкон медиҳад, ки сатҳи даромади худро боло бардораду қудрати харидорӣ намудан ва ё истеҳсол кардани маводи хӯрокавории серғизоро пайдо кунад.

Вақте мо мегӯем, ки боғпарварӣ даромади хоҷагиҳоро афзун менамояд, ин чунин маънӣ надорад, ки хоҷагиҳо танҳо ба парвариши мева машғул шаванд. Аз ҳама муҳимаш норасоии ғизоӣ дар байни занону кӯдакон ҳамчунин ба паст шудани маҳсулнокӣ ва касби донишҳои зарурӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ин кӯдакон пас аз ба воя расидан наметавонанд соҳиби касбу кори хубе шаванд, ки ин ба наслҳои оянда низ метавонад таъсири худро гузорад.

Якҷоя бо ин кӯшишҳо, дар доираи ду Лоиҳа, саломатӣ ва ғизо ва кишоварзӣ ва обёрӣ, ҳамчунин як қатор чорабиниҳо дар самти истеҳсоли мева барои беҳдошти саломатӣ дар назар гирифта шудааст, ки онҳо ба ҳалли мушкилоти норасоии микроэлементҳо дар ғизо, беҳтар намудани миқдор, сифат ва таркиби хӯроки мардум равона гашта, барои беҳтар гаштани тансиҳатии занону кӯдакон, ба хусус занони ҳомила ва кӯдакони то дусола, мусоидат хоҳад кард. Хатари маргу мир дар байни кӯдакони камвазн таваллудшуда зиёд аст. Ва онҳое, ки зинда мемонанд нисбат ба кӯдакони солим таваллудшуда бештар мушкилоти ташаккулёбӣ доранд ва зиёдтар ба бемориҳо гирифтор мешаванд. Зиёда аз ин, он тифлони камвазн таваллудшудае, ки дар кӯдакияшон ҳамчунин аз тағзия камбудӣ доштанд, камқувват ба воя расида, дар оянда аз онҳо кӯдакони камвазну хурд таваллуд хоҳанд шуд. Барои ҳамин мо бояд бештару беҳтар дар ин ҷода ҷиддӣ амал намоем.

Хабарнигор: Мехоҳам чанд сухан дар бораи худ мегуфтед. Меҳри замину муҳаббат ба дарахт дар дили Шумо кай пайдо шуд?

С.Ҷ.: Аз овони ҷавонӣ. Дар давраи таҳсил дар Донишгоҳи Аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин тадқиқотҳои илмӣ дар давраи таҳсил дар аспирантура ва солҳои тӯлонии кор ба ҳайси дотсенти кафедра, такмили дониш ва таҷрибаомӯзӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё меҳру муҳаббати манро нисбат ба замину дарахт боз қавитар гардонид.

Хабарнигор: Пас ба ҳамватанон дар мавриди ба ҳам тавъам намудани парвариши дарахту тарбияи фарзанд чӣ маслиҳат медиҳед?

С.Ҷ.: Ба ҳамватанон маслиҳат медиҳам, ки пеш аз ҳама мақсади парвариши дарахтони мевадиҳандаро дуруст дарк намоянд. Яъне ба воя расонидани дарахти солим, ки ҳосили хуб диҳад. Аз маданияти кишоварзӣ, низоми дурусти заминистифодабарӣ бархурдор бошанд. Қонуни бозгашт дар кишоварзиро риоя намоянд. Ҳамчунин тибқи фалсафаи ҳаётии мо — тоҷикон ҳар як инсон, ҳар як фарди солиму болиғ бояд дар зиндагияш манзиле бунёд кунад, фарзанде ба дунё оварда, ӯро тарбияи нек диҳад ва дарахте биншонида, онро парвариш ва сабз гардонад.

Тилав РАСУЛЗОДА