Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон чанде пеш, 14 сентябр маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Вазири кишоварзии ин кишвар Ербол Карашукеев дар ин бора фармони дахлдор имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.
“Ба ин тариқ, акнун истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон бидуни маҳдудият гандум ва ордро ба хориҷи кишвар фурӯхта метавонанд”, — омадааст дар хабар.

Хотиррасон мешавад, ки қаблан барои таъмини амнияти озуқавории Қазоқистон тасмим гирифта шуда буд, ки ба содироти гандум ва орд квота ҷорӣ карда шавад.
Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъи нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳои мусбати ҳосили зироати ғалладона дар Қазоқистон, қарор шуд, ки квота бекор мешавад.
Айни замон дар ҳамаи вилоятҳои кишвар ҷамъоварии ҳосил идома дошта, мувофиқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, дар 11,3 млн гектар ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 69,8% аз нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳудуди 98% аз орду гандуми воридотиро Тоҷикистон аз Қазоқистон мегирад.
Лекин маҳдудияти қаблан ҷоришуда ба интиқол ба кишвари мо ба ҳеҷ гунае таъсир нарасонид, зеро ҳаҷмҳои начандон зиёд харида мешуданд.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.
Давоми ин моҳҳо воридоти орд ба кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 10% зиёд шуда, воридоти гандум 10,8% кам шудааст.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ 50% ва гандум — 22% афзудааст.
Ҳиссаи орд дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон дар ин давра 0,4% ва гандум — 5,6%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

asiaplustj.info