Нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ то 20% боло рафт.

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,6%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Гуфта мешавад, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа — 2,6% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ баръакс, 0,9% арзон шуданд.
Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:
— сабзавот – 21,3%;
— қанд (шакар) – 17,2%;
— маҳсулоти нонӣ ва ярма (крупа) – 14,5%;
— тухм – 7,7%;
— шир – 7%.

Нархи маҳсулоти озуқаворӣ асосан аз ҳисоби гароншавии маҳсулоти зерин боло рафт:
— сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 17,9%;
— маводи шустушӯ – 11,3%;
— маҳсулоти доруворӣ – 7,9%;
— масолеҳи сохтмон – 3,5%.
Коҳиши сатҳи нархҳо ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро дар Агентии омор дар навбати аввал ба арзоншавии хидматрасониҳои тиббӣ ба андозаи 3,8% нисбат медиҳанд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

asiaplustj.info