Мавзӯи имсола — «Ояндаи мо дар дасти мост. Истеҳсолоти беҳтар, ғизои беҳтар, муҳити зисти беҳтар ва ҳаёти беҳтар»
18 октябри 2021, Душанбе– Имрӯз ба муносибати таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), Институти ғизои соҳавии Федератсияи Россия (SIFI), Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон силсила чорабиниҳоро оғоз намуданд, то ин ки аҳамият ба амалҳои инфиродиро дар расидан ба ҷаҳони бидуни гуруснагӣ ва камғизоӣ дар ҳама шаклҳои он инъикос намояд.
Мавзӯи имсола “Ояндаи мо дар дасти мост. Истеҳсолоти беҳтар, ғизои беҳтар, муҳити зисти беҳтар ва ҳаёти беҳтар»- таъкид мекунад зарурати фаврии тақвияти кӯшишҳои дастаҷамъона барои расидан ба ҳадафи гуруснагии сифр. Ин даъват ба ҳамбастагии миллӣ ва ҷаҳонӣ барои кишту парвариши ғизоҳои маҳаллӣ, мавсимӣ ва серғизо ба таври устувор барои тобовар сохтани системаҳои хӯрокворӣ дар муқобили омилњои манфии тағйирёбии иқлим ва вайроншавии занҷираи таъминот мебошад.
Дар робита ба ин, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи зарурати дастгирии гузариш ба системаҳои самаранок, фарогир, устувор ва устувории маҳсулоти кишоварзӣ барои истеҳсолоти беҳтар, ғизои беҳтар, муҳити беҳтар ва зиндагии беҳтар буда, ҳеҷ касро дар канор намегузоранд. Чорабиниҳои мазкур аз барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, викторинаҳо, суҳбати ошкоро бо донишҷӯён ва мактаббачагон, бозиҳои интерактивӣ ва семинарҳо дар мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо иборат хоҳанд буд.
«Мо ҳар сол Рӯзи умумиҷаҳонии озуқавориро барои қадр кардани ғизои истеъмолшаванда ва ҳалли мушкилоти гуруснагӣ ва камғизоӣ ҷашн мегирем. Трансформатсияи системаҳои озуқаворӣ маънои рафъи тарзи исрофи истеъмоли ғизо, беҳтар намудани истеҳсолот , сарфаи захираҳо, муҳити зист, таъмини ғизои солим ва серғизоро дорад. Пеш аз ҳама барои ноил шудан ба ин тағйирот, мо бояд сиёсат, тафаккур, рафтор ва моделҳои тиҷоратиро тағйир диҳем. Ин аз афзоиши талаботи истеъмолкунандагон ба ғизои устувор ва серғизо, афзоиши тиҷорати боманфиат дар соҳаи кишоварзӣ, тақвияти занҷирҳои арзиши маҳаллӣ, хароҷот ва беҳтар кардани ғизо вобаста аст. » гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
«Имсол мо инчунин 25 -солагии фаъолияти ФАО -ро дар Тоҷикистон ҷашн мегирем», — афзуд ӯ. «ФАО ва мардуми Тоҷикистон аз давраҳои душвори барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, сохтани зерсохторҳои калидӣ, аз қабили байторӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ, дастгирии ислоҳоти кишоварзӣ баҳри бунёд сохтани бахши нави кишоварзӣ гузаштанд. Бо танзимоти нави стратегии ФАО, ки истеҳсолоти беҳтар, ғизои беҳтар, муҳити зист ва зиндагии беҳтарро дар бар мегирад, мо умедворем, ки бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар якҷоягӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва шукуфоии мардуми деҳоти кишвар амал мекунанд. ”
«Дар Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ, БОҶ даъват мекунад, ки барои саривақт вокуниш ба бӯҳрони эҳтимолии иқлим чораҳои фаврӣ андешида шаванд. БОҶ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад, то ба ҷомеаҳои кӯҳистон дар мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим ба даромад ва амнияти озуқаворӣ кумак кунанд. Мо ба ҷомеаҳо дар диверсификатсияи зироатҳои парваришёфта кумак мекунем, махсусан тавассути ҷорӣ намудани ниҳолшинонӣ ва агроҷангалпарварӣ ва ба ин васила хатари аз даст додани даромад ба ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво. Шинонидани дарахтон фоидаи иловагии устувор кардани нишебиҳо ҳангоми борони шадид ва пешгирии селро дорад. Чораҳои дигари мутобиқсозӣ, аз қабили системаи мукаммали об, гармхонаҳо, нигаҳдории зироатҳои ғунгардида ва системаҳои барқароршавандаи энергия низ ҷорӣ карда мешаванд,» мегӯяд Адҳам Мусаллам, Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон.
«Дар тӯли зиёда аз ҳашт сол Институти ғизои соҳавӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои таҳияи барномаи устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон — яке аз унсурҳои асосии занҷири системаи озуқаворӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар тӯли солҳо, мо тавонистем моделҳои гуногуни ташкили хӯроки мактабиро таҳия кунем. Хоҷагиҳои мактабӣ, нонпазхонаҳои маҳаллӣ, ки ба ошхонаҳои мактаб нони босифат пухта мерасонанд, чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба ташаккули малакаҳои ғизои солим барои кӯдакон ва волидони онҳо — амалҳои муштараки мо мебошанд. Бо ин восита на танҳо ғизои хонандагони синфҳои ибтидоӣ дастрас ва устувортар мегарданд, балки таваљљуњи кӯдаконро аз хурдсолӣ ба мавзӯи ғизои солим ва истеъмоли оқилона бо мақсади ба воя расонидани насле, ки барои сайёра ва захираҳои он масъул аст, љалб менамояд” гуфт президенти Институти ғизои соҳавии Федератсияи Русия Владимир Чернигов.
Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ яке аз рӯзҳои муҳим дар тақвими Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Маълум аст, ки ин чорабинӣ амали дастаҷамъонаро дар саросари 150 кишвар ба вуҷуд меорад, ки ҳукуматҳо, корхонаҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва кӯдакон, васоити ахбори омма ва ҷомеаро муттаҳид месозад.
Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ, COVID-19 дар доираи мавзўи имсола зарур аст, ки дар якҷоягӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ғизо, кишоварзӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии халқҳо мулоҳиза ронем.
Сиёсат ва қонунгузории беҳтар, сармоягузорӣ ва идоракунии хуб метавонанд системаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувори кишоварзиро, ки фарогиртар ва устувортаранд, бунёд созад. Ҳукуматҳо ва муассисаҳо метавонанд тавассути равиши стратегӣ, ҳамаҷониба ва фарогир дар тамоми бахшҳо ањамияти ѓизои солимро барои ҳама нишон диҳанд. Навоварӣ, донишњо, кори занон ва ҷавонон, дар умум ҳама љињати ба даст овардани ҷаҳони сабзтар, одилона ва беҳтар барои ҳама нақши муҳим доранд.
fao.com