Имкониятҳои омӯзишӣ барои як шахс метавонанд имкониятҳои беҳтарро барои тамоми ҷомеа таъмин кунанд.
6 сентябри соли 2021, Душанбе – Чорводорӣ дар таъмини рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Чорвои солим инчунин як нерӯи пешбарандаи истеҳсолоти устувор ва амнияти озуқаворӣ мебошад ва ба баланд шудани сифати ғизои миллионҳо одамон дар кишвар мусоидат менамояд. Ин на танҳо манбаи ғизои босифат, балки манбаи даромади қисмати зиёди кишоварзони хурд ба шумор меравад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти озуқаворӣ ва чунин захираҳои кишоварзӣ ба монанди тухмӣ, нуриҳо ва пестисидҳоро дастрас намоянд.
Бе шакку шубҳа, Амирхон Назиров самимона ҳайвонотро дӯст медорад ва арзиши онҳоро барои оилаҳо ва ҷомеаҳое, ки дар деҳоти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, эътироф менамояд.
Амирхон, ки 30 сол фидокорона ба ҳайси байтор фаъолият кардааст, айни замон сармутахассиси Маркази таъминоти бехатарии озуқавории назди Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аст, ки масъули мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар Тоҷикистон мебошад.
Роҳи касбии ӯ пурпечутоб ва душвор буд, аммо хоҳиши пайваста барои омӯзиш ва рушд ба ӯ имкон дод, ки ба бисер дастовардҳо ноил гардад. Қаблан, ӯ барои иштирок дар омӯзишҳое, ки аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) гузаронида шуда буданд, интихоб шуда буд, ки ин дар пешрафти касбиаш ба ӯ кӯмак кард.
«Ба туфайли имкони иштирок дар ин курси омӯзишӣ, ман дониш ва малакаҳои наве гирифтам, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар ин соҳа мусоидат намуданд,» гуфт Амирхон. «Ин барои эътирофи арзиши хадамоти байторӣ аз ҷониби ҷомеа хеле муҳим аст.»
Амирхон дар як минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва бештари мардум ба кишоварзӣ машғуланд, зиндагӣ мекунад. Ӯ аз хурдсолӣ орзуи байтор шуданро дошт. Пас аз хатми техникуми байторӣ Амирхон бо падараш ҳамроҳ шуд, ки дар совхози ба номи Фрунзе галабон буд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ӯро ба ҳайси байтор дар ҳамин совхоз таъин карданд. Дар хоҷагии калон мутахассиси ҷавон кори зиёдеро ба ӯҳда дошт, ӯро мебоист ба табобати тамоми намудҳои ҳайвонот, аз ҷумла асп, гов, буз ва гӯсфандон машғул шавад ва дар баъзе рӯзҳо ҳатто ба минтақаҳои дур ҳам сафар карда, бо ҳолатҳои вазнин рӯ ба рӯ гардад. Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ таслим намешуд ва бо тамоми қувва кӯшиш мекард, ки ҳайвонотро наҷот диҳад.
Соли 2019 ба Амирхон имкон дастрас шуд, ки дониши худро тавассути курсҳои мукаммали даҳрӯзаи байторӣ, ки ФАО дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ФАО, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, такмил диҳад.
Курсҳои омӯзишӣ аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буданд, ки дар клиникаҳо ва хоҷагиҳо гузаронида мешуданд. Дар якҷоягӣ бо 157 духтури байтор, Амирхон малака ва дониши худро, ки барои пешгирӣ, ошкор кардани бемориҳои ҳайвонот ва вокуниши зуд ва муассир ба онҳо зарур ҳастанд, сайқал дод. Илова бар ин, пас аз хатми курсҳо, ба байторон асбобҳои байторӣ ва либоси махсус, ки барои кор бо ҷомеаҳои деҳот мӯҳим ҳастанд, дастрас карда шуданд.
“Курсҳо дар такмили ихтисоси мутахассисони байтор нақши муҳим бозиданд. коршиносони Ассотсиатсияи байторон шахсони донишманд ва ботаҷриба буданд,” — илова намуд Амирхон. “Дар ҳақиқат ба ман чунин курсҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва эътимоди бештар ба худ лозим буданд. Дар гузашта, бинобар надоштани донишу малакаи зарурӣ ҳангоми муолиҷаи ҳайвонот ба мушкилоти ҷиддӣ дучор мешудам. Ҳоло ман тарзи ҷарроҳии қайсариро дар ҳайвонҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилоти таваллуд омӯхтам, ки ин барои наҷоти ҷони онҳо аҳамияти муҳим дорад. Ман аз ӯҳдаи табобати чорво ва дигар ҳайвоноти хонагӣ беҳтар мебароям, алалхусус вақте ки онҳо гирифтори беориҳои зуком, колит, гастрит, хоришак ва ғайра мебошанд. Имрӯзҳо одамон дар робита ба сифати хизматрасонии байторӣ, ки гарави беҳбудии ҳайвонот ва амнияти озуқаворӣ мебошанд, интизориҳои зиёд доранд. ”
Садоқат ба афкори омӯзиши пайваста
Ин аввалин шиносоии Амирхон бо ФАО нест. Ӯ инчунин дар барномаи ФАО оид ба мубориза бо бруселлёз дар Тоҷикистон, ки аз соли 2003 то 2013 амалӣ шуда буд, ширкат варзида буд. Ин яке аз муваффақтарин барномаҳо дар Осиёи Марказӣ буд, ки аз он 642 нафар байтор ва ҷомеаҳои маҳаллӣ баҳра гирифта буданд.
Барнома барои васеъ крадани донишу таҷрибаҳоиамалӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бруселлёз, инчунин мубориза бо таҳдидҳо ба саломатии ҳайвонот ва одамон кумак кард. ФАО барои дастрас гардондани таҷрибаи амалӣ дар соҳаи ташхиси лабораторӣ ва назорат бамутахассисон мусоидат намуда, таҳия ва татбиқи стратегияҳои самаранокро оид ба муборизаи устувор бо бруселлёз дар чорводорӣ дастгирӣ намуд.
«Ман боварӣ дорам, ки пешгирӣ аз табобат хеле беҳтар аст,» ба хотир меорад Амирхон. “Барои маҳдуд кардани паҳншавии бруселлёз дар дохил ва байни рамаҳои гусфандону подаҳои чорвои шохдор мо эмкунии дарозмуддатро ҳамчун воситаи асосии пешгирӣ кардан истифода бурдем. Ҳамин тариқ, мо тавонистем таъсири манфии ин бемориро ба саломатии инсон ва ҳайвоноти хонагӣ, ки даромад ва амнияти озуқавории хонаводаҳо аз онҳо вобастагӣ доранд, коҳиш диҳем. ”
«Байторҳо комилан ба ҳифзи саломатӣ ва беҳбудии ҳайвонот бахшида шудаанд, саломатӣ ва беҳбудии одамон бошадба ин масъъалаҳо хеле зич алоқаманд ҳастанд,» мегӯяд Амирхон Назиров. “Албатта, байни ин ду намуди маризон ва роҳҳои табобати онҳо фарқиятҳо мавҷуданд. Аммо мо манфиатҳои умумӣ ва мушкилоти муштарак дорем. Маҳз аз ин рӯ, барои ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ дар маҷмӯъ ҳамкории қавӣ байни тибби инсоният ва тибби байторӣ зарур аст. ”
Иқтибоси машҳури олими рус Иван Павлов чунин мегӯяд: “Агар пизишк инсонро табобат кунад пас байтор инсониятро табобат мекунад”. Ин иқтибос барои Амирхон шиори тамоми зиндагии ӯ гаштааст.
Фаъолиятҳо вобаста ба беҳтар кардани хадамоти байторӣ як қисми лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назоратидавлатиибайторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат » мебошанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии ин лоиҳа кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти институтсионалии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла бехатарӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад.