12 августи соли 2021, Душанбе – ФАО дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро дар муайянсозӣ ва татбиқи cаҳми тахминии муайяншудаи миллии худ (NDC) тибқи Созишномаи Париж идома медиҳад. Дар робита ба ин, ҷаласаи дуввум оид ба такмили раванди cаҳми тахминии муайяншудаи миллӣ бо иштироки ҷонибҳои ҳавасманди гуногун дар Душанбе баргузор карда шуд.
Ҳадафи вохӯрии мазкур пешниҳоди лоиҳаи навшуда — гузориши такмили cаҳми тахминии муайяншудаи миллӣ, баланд бардоштани огоҳӣ ва васеъ гардондани қобилият ва дониши ҷонибҳои манфиатдор, ҳамкории муассир дар машварати фарогир ва пурмазмун бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ, инчунин таъсиси шарикии мустаҳкам байни бахши давлатӣ ва хусусии кишвар мебошад.
Илова бар ин, вохӯрӣ барои мубоҳисаҳои судманд ва пешниҳоди тавсияҳо ва маслиҳатҳо замина фароҳам овард, ки метавонанд амалҳои минбаъдаро қабл аз пешниҳоди ҳуҷҷати навшудаи cаҳми тахминии муайяншудаи миллӣ ба Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим (UNFCCC) дастгирӣ кунанд. Нахустин лоиҳаи раванди такмили саҳми муайяншудаи миллӣ дар сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи феврали соли 2021 интишор шуда, бо ҷонибҳои манфиатдор барои фикру мулоҳиза ва тавсияҳо мубодила карда шуд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои мушаххас, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии миллӣ, ҷалби вазоратҳо ва ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани иқтидор дар бахшҳо ва дар сатҳи маҳаллӣ, иртибот бо афзалиятҳои миллӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, инчунин табдили саҳми муайяншудаи миллӣ ба амалҳои мушаххас ва таҳияи низомҳои мониторинги пешрафти ноилшавии ҳадафҳои саҳми муайяншудаи миллӣ баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиён имконият доштанд, ки масъалаҳои техникӣ ва институтсионалии марбут ба татбиқи саҳми муайяншудаи миллӣ, инчунин таҷриба ва дурнамои банақшагирии татбиқи саҳми муайяншудаи миллӣ дар кишварро мубодила намоянд.
«Тибқи таҳлили ФАО, қариб 50 фоизи саҳми муайяншудаи миллӣ дар саросари ҷаҳон ба бахши кишоварзӣ марбутанд. ФАО дорои таҷриба ва донишу малака дар самти мукаммалгардонии иқтидор барои васеъ гардондани миқеси фаъолиятҳои мубориза бар зидди тағирёбии иқлим мебошад», — таъкид кард Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. «Барои ин раванди бознигарии саҳми муайяншудаи миллӣ, мо тайёр ҳастем, ки тамоми раванди бознигарии саҳми муайяншудаи миллӣ дар Тоҷикистонро бо ҷалби ҳамаи бахшҳое, ки ба тағирёбии иқлим мусоидат мекунанд, ҳамоҳанг созем. Ин ҳамоҳангсозии байни ниҳодҳои давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалиро, ки дар кишвар фаъолият мебаранд, барои таҳияи қарорҳо ва амалҳои ҳамоҳангшуда бо мақсади коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, мо Тоҷикистонро дар иҷрои ӯҳдадориҳои миллиаш дар соҳаи иқлим ва ҳамзамон, мустаҳкам кардани тавонмандии техникӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои саҳми муайяншудаи миллӣ ва ноил шудан ба пешравиҳо дар самти рушди устувор дар кишвар дастгирӣ менамоем», — илова намуд Гучгелдиев.
Саҳми муайяншудаи миллӣ ӯҳдадориҳои кишварщоро дар самти коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқ шудан ба тағирёбии иқлим ифода мекунанд. Интизор меравад, ки ҳар панҷ сол кишварҳо саҳми муайяншудаи миллии худро аз нав баррасӣ ва такмил медиҳанд ва барои коҳиш додани партобҳои газҳои гулхонаӣ чораҳои самаранокро пешниҳод мекунанд. Ин ба кишварҳо имкониятҳои назаррасро барои мувофиқагардонии барномаҳои худ дар соҳаи иқлим ва рушд, инчунин мусоидат ба рушди устувор фароҳам меорад.
fao.com