Мавсими ҷамъоварии ҳосил фаро расид. Ҳосили себро саривақт ва босифат ғунучин кардан лозим аст. Инчунин, дар боғи себ тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи себ, даровардани нуриҳоро иҷро кардан лозим аст. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳандаи себ меъёри солонаи даровардани нуриҳо 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад. Дар заминҳои лалмӣ бошад, коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.
Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии сӯхтаи бактериявӣ (бактериалный ожог), зараррасони ширинчаи хунин ва сипарболак бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (ё Данадим Эксперт 2 л)+равғани Ариа 80% 10 л якҷоя бо 800- 1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои қӯтурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, Топаз 0,3-0,4 л, Топсин 70 М 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 л/об истифода бурдан мумкин аст. Барои зараррасонҳо бошад бо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га ё Энжио 0,3 л, НурелД 1,0 л якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Дар давраи нашъунамо ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7-1,0 л, Codafol 150 1,0 л якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда пошидан лозим аст. Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода бурдан лозим аст. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 3-4 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Ин маводҳо барои афзоиши хуби дарахти себ ва калоншавии мева мусоидат мекунанд. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад.