Барои зироати ҷуворимакка идома додани корҳои агротехникӣ, яъне ғунучини босифати ҳосил, коркарди байни қаторҳо, тоза кардани киштзор аз алафҳои бегона, обёрикунӣ ва ғизодиҳӣ мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л/га+1,0 л/га Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л/га, ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Оракул мкс 1,0 л/га ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codafol 150 1,0 л/га якҷоя бо 300-400 л/об омехта карда, пошидан лозим аст. Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 бор гузаронидан тавсия дода мешавад. Ин маводҳо афзоиши ҷуворимаккаро хуб карда, ба калоншавӣ ва боқувват шудани танаи ҷуворимакка мусоидат мекунанд.
Бар зидди зараррасонҳо 2 маротиба коркард гузаронидан тавсия дода мешавад: 1-ум коркард дар марҳилаи 5-7 барг пайдо шудан, 2-юм коркард ҳангоми қади зироат 45-50 см будан: кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га, Каратэ 0,3 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда, пошидан тавсия дода мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳии асосиро бо назардошти ҳосилхезии хок ва таҳлили он даровардан лозим аст: N 180 кг, P 120, K 60 кг (моддаи таъсиркунанда) тавсия дода мешавад.