Дар моҳи август идома додани дарави навбатии юнучқа, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо гузаронида шавад. Барои мубориза бар зидди зараррасон Фитономус аз маводи Каратэ 0,4 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Десис 10% 0,1-0,15 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 55% к.э 0,5 л якҷоя бо 300 л/об омехта карда, маҳлулро пошидан тавсия дода мешаванд. Ин коркардро 20 рӯз пеш аз дарави юнучқа гузаронидан лозим аст. Ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+1,0 Оракул мкс, ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Табак 2 кг/га, Алгора 1,5 кг/га (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) ба барг пошидан тавсия дода мешаванд, ки ин маводҳо барои афзоиши хуби юнучқа ва баланд кардани ҳосилнокии он мусоидат мекунанд. Дар майдони юнучқа алафи карантини заҳрпечак пайдо шавад, бо гербисити Пивот 1,0-1,5 л/га (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) 7-10 рӯз баъди дарав пошидан мумкин аст. Ғайр аз заҳрпечак гербисити мазкур алафҳои сӯзанбаргро низ нобуд мекунад.