Дар моҳи август идома додани корҳои агротехникӣ, яъне ғунучини босифати ҳосили карами миёнпаз, гулкарам, помидор, бодиринг, сирпиёз, лаблабу, инчунин тоза кардани замин аз алафҳои бегона, обёрикунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг мебошад. Ғизодиҳии аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС якҷоя, ё, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га якҷоя бо 300 литр об мебошад, ки ин маводҳо барои афзоиши хуби сабзавотҳо ва барвақт пухта расидани мева мусоидат мекунад. Барои сабзавотҳои дерпаз бошад, даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Касалии бодиринг ва сирпиёз пероноспороз (касали зардак) бо фунгиситҳои Тиовит Джет 2,0 кг, Ридомил голд 2,5 кг/га, помидор фитофтороз, алтернариоз, Ридомил голд 2,5 кг/га, ё пошидани фунгиситҳо Косайд 02 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул тайёр карда пошидан тавсия дода мешаванд. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, ширинча, трипс, тортанаккана бошад, заҳрдоруҳои Аваунт 0,450 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, Тиовит Джет 80% 2 кг/га, Вертимос 0,5 л/га, Актара 0,3 кг/га, Энжио 0,150 л/га, Ланнат 1,0 л/га, Моспилан 0,4 кг/га якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ аст. Баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то ба фарорасии мавсими гулкунӣ намии хок бояд 70% бошад ва меъёри як обмонӣ вобаста ба намуди хок ба ҳисоби миёна 700-800 м3, миқдори обмонӣ дар мавсим 15-16 маротиба аст.
Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб медиҳад.