Моҳи август мавсими гулкунӣ ва кӯракбандии зироати пахта мебошад. Аз ин лиҳоз, саривақт ва босифат иҷроиши корҳои агротехникӣ, яъне коркарди байни қаторҳо, тоза кардани алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ, ғизодиҳӣ аз барг мебошад. Истифодабарии шарбат аз нуриҳои органикӣ якҷоя бо обёрикунӣ тавсия дода мешавад. Ғизодиҳи аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс якҷоя бо 200-300 л об, барои гардолудшавӣ Codamin B-Mo 100-250 мл якҷоя бо 100 л об, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га якҷоя бо 200-300 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Мубориза бар зидди заррасонҳо, аз ҷумла ширинча, тортонакканаи оддӣ ва кирми пахта бо Каратэ 5% к.э 0,4 л/га, Омайт 1,5 -2,5 л/га, НурелД 55% 1,0-1,5 л/га, Энжио 24,1% к.э 0,150-0,250 мл/га, Вертимек 1,8 к.э 0,4 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 200-400 л/об омехта карда ҳангоми гармии ҳаво 25-28 дараҷа будан коркард кунед.