Дар моҳи август тайёр кардани замин ва шинонидани кӯчати қулфинай иҷро карда шавад. Агар навъҳои ремонтантӣ дошта бошед, ҳарорати дохили гармхонаро бояд шабона +16 рӯзона то +27° С таъмин намоед, баргҳои калон ва зардшуда, сабзаи афзоиши иловагӣ (мӯйлаб), меваҳои майда ва бесифатро чида партоед. Бо зарурат ягона кунед, чунки ин кор барои гирифтани ҳосили босифатро таъмин мекунад. Дар  заминҳои кушод корҳои парвариши қулфинайро давом диҳед, аз алафҳои бегона тоза карда, баргҳои калон, зард, касалшударо чида, ягона кунед, ҷӯякҳоро тоза карда, ғизо дароред ва нарм кунед, коркард бо Агровитамин 20 мл+30 гр Оракул мкс якҷоя бо 10 л об (Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Codamicro 0,5 л/га якҷоя бо 200-300 литр об гузаронед. Ин коркард афзоиши растаниро метезонад ва ҳосили онро калон ва босифат мекунад. Коркарди кимёвиро кам истифода баред, зеро талаботи коркарди қулфинай дигар аст. Заҳрдоруҳоро аз реша дар вақти обёрӣ додан лозим аст. Ҳангоми пайдошавии касалиҳо бо фингиситҳои Топаз 0,3 л/га, Хорус 0,4 кг/га дар вақти обёрӣ гузаронидан  лозим аст. Дар вақти оғози пухта расидани ҳосил коркарди кимёвӣ аз барг мумкин нест. Барои зараррасонҳо бошад, бо маводи Актара 3,6 кг/га, Вертимек 1 л/га аз реша бо обёрӣ гузаронидан лозим аст, чунки ин маводҳоро аз барг пошидан қатъиян манъ аст. Дар хотир доред, ки 30 рӯз пеш аз пухта расидани ҳосил, истифодабарии ҳама намуди пеститсидҳо манъ карда шаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.