Дар моҳи август бояд обёрӣ, ғизодиҳӣ, нарм кардани байни қаторҳо ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ ҳар 15 рӯз гузаронида шавад. Вақти афзоиши миттаи лимӯ (Цитрусовая минирующая моль / Phyllocnistis citrella) мебошад. Дар ин ҳолат, истифодабарии маводҳои Вертимос 15 мл ё Би-58 нав 10 мл + 10 мл равғани Ариа 80% якҷоя бо 10 л об тавсия дода мешавад. Аз барг бо Агровитамин 15 мл+10 мл 10 л/об Cоda micro Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л якҷоя бо 800-1000 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зарраррасонҳои сафедболак биоинсектисити нав истифода баред, масалан Белла тута 1 л якҷоя бо 300 л об, бегоҳӣ соати 18-19 коркард гузаронед. Ҳангоми коркард баргҳои лимӯ пурра тар шаванд. Ин чорабинӣ ҳар ҳафта як маротиба бо усули тӯпалангӣ иҷро карда шавад. Дар вақти башаклдарории ниҳолҳои нав шинонидашуда, ба буриши шохаҳои буттаи лимӯ бояд аҳамият дода шавад, чунки дар вақти коркард маҳлули корӣ пурра ба ҳамаи шохаҳои лимӯ дастрас шавад. Агар дар гармхонаҳои лимӯ тортанакканаи нуқрагин ё сурх пайдо шавад, коркард бо ҶОО (ИСО) 0,5°, акаритсиди Орто стан (Ортус) 10 мл ва ё Вертимос 4% 15 мл якҷоя бо 10 л об ҳар 7-10 рӯз гузаронидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.