Барои лаблабуи сурх давом додани корҳои агротехникаи парвариш, яъне ғунучини ҳосил, кишти такрорӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди зараррасонҳо мебошад. Сарфаи тухми лаблабуи сурх барои кишти такрорӣ барои 0,10 га аз 50 000 то 70 000 дона тухмӣ мебошад, киштро бо чуқурии 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда ин Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115-рӯза) мебошад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N-70 кг, P-50 кг. K-30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У-9 0,5 л/га + 1 л/га Оракул МКС ё Codafol 8 -11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Codamicro 0,5 л/га якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегонаи сӯзанбарг бо гербисити “Зеллек супер” 1,0-1,5 л/га истифода баред ва обёриро гузаронед. Мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ бошад, аз маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда истифода баред.
Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.