ИСО (маҳлули оҳаку сулфур) бар зидди касалиҳои қӯтур, гардзанӣ, переноспороз, пўсиши хокистарранг ва гарди ток бисёр муфид аст. Он пўстлохи дарахтонро аз шукуфаю занбурўғҳо тоза мекунад, ҳашароти зараррасонро нобуд месозад. ИСО аз қадим машҳур буда, дар замони шўравӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешуд. Аз сабаби пайдо шудани заҳрхимикатҳои бешумор ва надонистани тарзи дурусти тайёр кардани ИСО онро хеле кам истифода мебаранд.
Барои тайёр кардани ҷўшобаи оҳаку сулфур, хокаи олтингўгирди кўфташуда истифода мебаранд. Олтингўгирдро дар об тар карда, аз он хамира тайёр мекунанд. Дар зарфи дигар оҳакро ҳал мекунанд. Пас аз ба охир расидани шукуфондан ба оҳак баробар хамираи олтингўгирдро омехта ва то тайёр шудани маҳлул об илова мекунанд. Таносуби қисматҳои маҳлул: 2 қисм олтингўгирд, 1 қисм оҳак, 17 қисм об. Маҳлулро дар оташи паст мунтазам омехта, ба он оби ҷўшидаро то сатҳи аввалаш ба он илова менамоянд ва муддати як соат меҷўшонанд. Обҷўши тайёршударо модарӣ меноманд. Маҳлули оҳаку сулфур органикӣ ҳисобида шуда, онро дар зироаткории органикӣ истифода бурдан самараи хуб медиҳад.