Дар моҳи август барои дарахти чормағз бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар баҳор намии зарурӣ захира шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок маҳкам намудан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг сулфати калий тавсия дода мешавад. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маводи Фоликур 1 л ё Косайд 2,5 кг+0,6 л Талстар якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, дар давраи саршавии мевабандӣ пошед, агар дар даруни танаи чормағз кирм бошад ё дарахт қадаш баланд бошад, дар вақти нашъунамо инсектитсиди Актара истифода баред, 10 гр мавод бо 10 л об маҳлул омода карда, дар гирду атрофи дарахтҳо хандақча карда, маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин чорабиниро дар давоми 1 сол 3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои мевахӯрак, вақти калоншавии мева коркарди кимёвӣ гузаронед, 0,6 л Талстар, 1,0 л НурелД, 0,8 л Каратэ якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 мл+0,5 л/га Coda micro,  ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Оракул мкс 1,0, Codafol  8-11-3  0,7-1,0 л, Codafol 150  1,0 л якҷоя бо 800-1000 л/об омехта карда пошидан лозим аст. Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад.