Чормағз дарахти намидӯст ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои захира гардидани намии зарурӣ дар сатҳи ҷойгиршавии реша бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад, ин имкон медиҳад, ки дар баҳор намии зарурӣ захира шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок пӯшондан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маводи Фоликур 1 л ё Косайд 2,5 кг+0,6 л Талстар якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, дар давраи саршавии мевабандӣ пошед, агар дар даруни танаи чормағз кирм бошад, ё қади дарахт баланд бошад, дар вақти нашъунамо инсектитсиди Актара истифода баред, 10 гр маводро бо 10 л об маҳлул карда, дар гирду атрофи дарахтҳо хандакча канда, маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин чорабиниро дар давоми 1 сол 3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои мевахӯрак, вақти калоншавии мева коркарди кимёвӣ гузаронед. (0,6 л Талстар, 1,0 л Нурел Д, 0,8 л Каратэ якҷоя бо 800-1000 л/об). Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л+0,5 л/га Coda micro,  ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0, Codafol  8-11-3  0,7-1,0 л, Codafol 150  1,0 л якҷоя бо 800-1000 л/об бо яке аз ин маводҳо истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин маводҳо барои афзоиши дарахти чормағз ва калоншавии мева мусоидат мекунанд.