Барои дарахтони шафтолу дар моҳи июл корҳои зерин гузаронида мешаванд: ҷамъоварии ҳосили навъҳои миёнапаз, тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани нуриҳо ва нармкунии байни қаторҳо. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалии пажмурдашавии баргҳо, қӯтурак, гардзании шафтолу коркард бо фунгитсиди  Браво 2,5 л , (Косайд 2 кг ё Топаз 0,5 л ё  Скор 0,2л)+0,1-0,15 л инсектисидҳои  Десис 10% (Каратэ 0,6-0,8 л, Энжио 0,3 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда коркард кардан тавсия дода мешавад.  Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солонаи даровардани нуриҳои минералӣ 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад.

Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскан гирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳӣ дар давраи мевабандӣ ва калошавии мева аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л,  ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0, Codafol  8-11-3  0,7 л, Codafol 150  2,0 л) якҷоя бо 800-1000 л/об коркард кунед. Аз ин маводҳо фақат яктоаш истифода бурда мешаваду халос. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин маводҳо барои афзоиши дарахти шафтолу, калоншавии мева ва беҳтар кардани сифати он мусоидат мекунанд.