Корҳои агротехникӣ дар моҳи июл барои пиёзи миёнапаз давом додани ғунучини ҳосил, тоза кардани замин аз алафҳои бегона, барои  пиёзҳои дерпаз ин обёрӣ, ғизодиҳӣ аз барг мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Изобион 1 л/га, Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС якҷоя, ё  Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га,  Вайкир мкс 1,0 кг/га якҷоя бо 300 литр об пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин бо обёрӣ истифодабарии Бостано 10 кг/га, Матрикс (NPK) 10 кг/га самараи хуб медиҳад. Ин маводҳо барои афзоиши пиёз ва барвақт пухта расидани ҳосил мусоидат мекунанд. Барои пиёзҳои миёнапаз даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Селитраи аммиакӣ, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Бар зидди касалии пероноспороз пошидани фунгиситҳои Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул тайёр карда, пошидан тавсия дода мешаванд. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат имконият медиҳад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад.