Лӯбиёдонагиҳо ба истифодаи нуриҳо бисёр ҳассос мебошанд. Асосан меъёри солонаи нуриҳои фосфордор ва поруро пеш аз коркарди хок ба замин ворид менамоянд. Меъёри тавсияшудаи пору 10-15 тонна ва фосфор 50 кг ба 1 га мебошад. Гарчанде лӯбиёдонагиҳо зироати нитрогенҷамъкунанда ба шумор раванд ҳам, лекин дар давраи аввали нашъунамо то рушди фаъоли бактерияҳои нитрогенҷамъкунанда, растаниҳои ҷавон ба нурии азотӣ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми кишт ё гузаронидани коркарди якуми байни қаторҳо бояд нуриҳои азотӣ аз рӯи меъёри 25-30 кг дар як гектар истифода шаванд. Инчунин истифодаи хокистар бо меъёри 300-400 кг дар як гектар барои баландбардории ҳосил мусоидат мекунад. Лӯбиёдонагиҳо нисбати дигар зироатҳои кишоварзӣ моддаҳои ғизоиро аз хок камтар мегиранд. Одатан дар давраи нашъунамо 78 %-и нитрогени барои рушду нумӯъ заруриро аз ҳисоби нитрогени лӯндабактерияҳо захира намуда, истифода мекунанд. Онҳо инчунин дорои қобилияти хуби азхудкунии моддаҳои ғизоие мебошанд, ки дар шакли пайвастагиҳои душворҳалшаванда мавҷуданд, ба мисли пайвастагиҳои фосфорӣ. Дар минтақаи агроиқлимии «Қизилсу», ки ноҳияҳои фарогиранда: Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Норак, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ мебошанд, дар охири моҳи июл кишти такрории лӯбёдонагиҳо гузаронида шавад.
Вобаста ба шароити иқлим, хок ва талаботи растаниҳо дар минтақаи агроиқлимии «Қизилсу», дар моҳи июл ба киштзори лӯбиё бо меъёри 700-800 м³/га обёрӣ кардан тавсия дода мешавад. Реҷаи оби мушунг ба 200-400 м³/га ва нахӯд бошад ба 250-300 м³/га тавсия дода мешавад. Вобаста ба талабот оби якумро баъди 10-15 рӯзи баромадани сабза, оби дуюмро пеш аз муғчабарории гул, оби сеюмро ҳангоми саршавии гулкунӣ ва обмонии боқимондаро дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд.