Дар моҳи июл барои лаблабуи сурх ин давом додани корҳои агротехникии парвариш, яъне ғуничини ҳосил, кишти такрорӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди заррасонҳо мебошад. Барои кишти такрорӣ сарфаи тухми лаблабуи сурх барои 0,10 га аз 50 000 то 70 000 дона тухмӣ мебошад, киштро бо чуқурии 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда ин Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115-рӯза) мебошад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N-70 кг, P-50 кг, K-30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини У-9 0,5 л/га+1л/га Оракул МКС ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир МКС 1,0 кг/га якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегонаи сӯзанбарг бо ёрии гербисити “Зеллек супер” 1,0-1,5 л/га истифода карда шавад. Мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ аз маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда истифода баред. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.