Барои боғи гелос дар моҳи июл тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, ҷамъоварии ҳосили навъҳои миёнапаз, тоза кардани боғ аз алафҳои бегона ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Инчунин, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, коркард бо яке аз ин фунгитсидиҳо: Скор 0,2 л, Хорус 0,3 кг, Топаз 0,3-0,4 л ё Косайд 2,0 кг + 2 л Актеллик, инчунин аз ин инсетиситҳо яктояш (Энжио 0,25 л, Каратэ 5% 0,6 л, Десис 10% 0,15 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, баъд аз ҷамъоварии ҳосил коркард кардан тавсия дода мешавад. Ин коркард барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва зараррасонҳои сипарболак, тортанакканаи оддӣ, филчаи зардолу (урюковый слонник), сӯрохкунаки барги гелос натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои хуб афзоиш кардани меваи гелос, пошидани маводи Codafol 8 -11-3 0,7 л якҷоя бо 800-1000 л об тавсия дода мешавад. Дар давраи калоншавии мева Вайкир мкс 1 кг, ё 1,0 л Оракул мкс якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, аз барг пошидан тавсия мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа бо меъёр ва зарурат гузаронед. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад.