7 июни соли 2021, Душанбе – Бо мақсади рушди истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо, имрӯз ФАО омӯзиши дурӯза ва «Рӯзи саҳро”-ро, ки дар хоҷагии деҳқонии «Дубеда» -и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон баргузор гардид, ба итмом расонид.

Фаъолияти мазкур як қисми лоиҳаи ФАО мебошад, ки истеҳсоли устувори сабзавотро дар гармхонаҳо ҳамчун низоми сердаромад ва фоидаовар барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисод дар деҳот дастгирӣ мекунад. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ татбиқ гардида, барои ташкили ҷойҳои корӣ, ҷамъоварии даромад ва коҳиш додани сатҳи камғизоии аҳолии деҳот равона шудааст.

Чорабинӣ ба иштирокчиён барои боз ҳам васеътар кардани донишу малакаи худ ва тақвият бахшидани иқтидори техникӣ оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо, махсусан дар давраи ғайримавсим, дар гармхонаҳои каммасрафи ба шароити маҳаллӣ мутобиқшуда, татбиқи таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ ва дастрасии беҳтар ба тухмии хушсифат ва маводи кучатӣ, инчунин рушди истеҳсоли ниҳолҳо имконият фароҳам овард.

27 фермер ва хонаводаҳои деҳот тавонистанд аз презентатсияҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба соҳаҳои гуногуни истеҳсоли устувори сабзавот ва ниҳолҳо баҳра баранд.

Дар доираи ин лоиҳа роҳкору дастурамалҳо оид ба таҷрибаҳои пешқадами кишоварзӣ (GAP) марбут ба истеҳсоли сабзавот ва гузаронидани тайёрии мавсимии расмӣ ва омӯзиш дар ҷои кор барои муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва пазнкунандагони дониш, кишоварзон ва хонаводаҳои деҳот таҳия карда шуданд. Аъзоёни гуногуни ҷомеаи деҳот, аз ҷумла занон, мардон ва кишоварзони ҷавон дар тренингҳо оид ба истеҳсоли устувори сабзавот дар гармхонаҳо ва парвариши ниҳолҳо ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи фаъолияти лоиҳа кишоварзон парвариши сабзавотро дар гармхонаҳо бо истифода аз усули бехатар ва сифати баланди маҳсулот беҳтар намуданд. Дар доираи лоиҳа инчунин тухмиҳои хушсифат ва маводи ниҳолшиносӣ муаррифӣ карда шгуда, низомҳои устувори растанипарврӣ, идоракунии самараноки захираҳои хок ва об таҳия мегарданд. Аз ҷумла, моделҳои чораҳои устувори ҳифзи растаниҳо бо мақсади коҳиши сатҳи истифодаи пеститсидҳо ва парвариши ниҳолҳо намоиш дода шуда, намудҳо ва навъҳои мувофиқи сабзавот барои парвариш дар гармхонаҳо тавсия дода шуданд. Ин ҷузъи лоиҳа бо дастгирии техникии Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

«ФАО дар ҳамкории зич бо Вазорати кишоварзӣ рушди устувори кишоварзиро дар кишвар таъмин менамояд. Дар доираи ин лоиҳа, ФАО ба вазорат дар таҳияи Стратегияи Миллӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо дар Тоҷикистон кумак ва дониши касбӣ таъмин мекунад ”, мегӯяд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. «Интизор меравад, ки лоиҳа ба амнияти озуқаворӣ ва афзоиши даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути рушди истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳои хурд мусоидат хоҳад кард.»

Дар доираи ин лоиҳа ду тарҳи гуногуни гармхонаҳои арзон ва каммасраф, ки барои парвариши сабзавот дар минтақаҳои гуногуни агроиқлимии Тоҷикистон мувофиқанд, таҳия карда шуданд. Барои санҷиш, намоиш ва тасдиқи ин тарҳҳо дар ноҳияҳои Ҳисор, Данғара, Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Айнӣ ва Б. Ғафуров шаш гармхонаи таҷрибавӣ сохта шуданд.

Лоиҳа аз ҷониби Барномаи ҳамкории техникии ФАО маблағгузорӣ карда мешавад.

 

fao.com