Меваи себ калон шуда истодааст, аз ин лиҳоз дар ин марҳилаи рушди себ эҳтиёт бошед, зеро эҳтимолияти ба касалиҳо ва ё ҳуҷуми ҳашароти зараррасон дучор шудан зиёд мебошад. Ҳатман дар себзор тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи себ, даровардани нурӣ (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) бояд гузаронида шавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои паст кардани хавфи таъсири зараррасон мегардад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солонаи нурии минералӣ ин 100 кг карбамид, 100 кг нитроаммофоска ё аммофос 120 кг, 50 кг сулфати калий мебошад. Дар заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.
Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии сӯхтаи бактериявӣ (бактериалный ожог), зараррасони ширинчаи хунин, сипарболак, бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (ё Данадим Эксперт 2 л)+равғани Ариа 80% 10 л якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ ва мубориза ба касалиҳои қӯтурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, Топаз 0,3-0,4 л, Топсин 70 М 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 л/об омехта карда пошед. Барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га ё Энжио 0,3 л, Нурел Д 1,0 л якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7-1,0 л, Codafol 150 1,0 л якҷоя бо 800-1000 л об коркард кунед. Дар хотир доред, ки аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода бурдан мумкин аст. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркардҳо 10-15 рӯз ва 3-4 маротиба тавсия дода мешавад, ки ин барои афзоиши дарахти себ мусоидат мекунад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо қатъ карда шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.