Барои зироати пахта асосан корҳои агротехникӣ гузаронида мешавад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди “тиллои сафед” намии хок ва ғизо аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз тавсия дода мешавад, ки вобаста ба таъминнокии хок бо элементҳои ғизо бояд ғизодиҳии иловагӣ саривақт гузаронида шавад. Гузаронидани коркарди хок низ барои рӯёнидани ҳосили баланд самари хуб медиҳад. Тавсия дода мешавад, ки киштзорро аз алафҳои бегона тоза карда, ғизодиҳии аз барг иҷро карда шавад. Меъёри тавсияшавандаи нуриҳои нитрогенӣ N 100 кг/га (м.т) моддаи таъсиркунанда, Р-70 кг фосфор, К 30 кг (NPK) мебошад. Меъёри нурӣ аз натиҷаи таҳлили хок ва ҳосилхезии хок вобаста аст.
Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс якҷоя бо 200-300 л об, барои гардолудшавӣ бо маҳлули Codamin B-Mo 100-250 мл якҷоя бо 100 л об, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га якҷоя бо 200-300 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Мубориза бар зидди заррасонҳои ширинча, тортанакканаи оддӣ, трипс, кирми тирамоҳӣ бо заҳрдоруи Каратэ 5% к.э 0,2 л/га, Омайт 1,5 л/га, НурелД 55% 1,0 л/га, Энжио 24,1% к.э 0,100-0,150 мл/га, Вертимек 1,8 к.э 0,4 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 200-400 л/об омехта карда дар ҳавои салқин (гарми ҳаво на зиёда аз 25-28 дараҷа) пошидан тавсия дода мешавад.