Дар Осиёи Марказӣ дар 75-80%-и заминҳо усули обмонии ҷӯякиро истифода мебаранд. Обмонӣ бо усули ҷӯякҳо аз ҷиҳати техникӣ содда буда, намнокии хокро дар ҳудуди даркорӣ таъмин месозад, лекин якчанд камбудиҳо низ дорад. Яке аз камбудиҳои ҷойдошта — ин эҳтимолияти аз ҳад зиёд намшавӣ ва бадшавии реҷаи ҳавоии хок мебошад. Интихоби усул ва техникаи обмонии зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи хосияти обӣ-физикии хок, нишебии қитъа ва намуди зироати кишоварзӣ муайян карда мешавад (Надан, с.1981).
Зиёда аз 90%-и замини Тоҷикистон бо усули анъанавӣ, яъне бо ҷӯяк обёрӣ карда мешавад. Ин усул якчанд тарафҳои мусбати худро дорад, ба монанди: содда ва боэътимодӣ ҳангоми истифодабарӣ, харҷи кам ва дар вақти обмонӣ вобастагии кам аз суръати шамол, эҳтимолияти обмонии растание, ки ба ҳар гуна касалиҳои баргӣ эҳсоснок буда, таъмини намшавии устувори хок ҳангоми обмонии захиравӣ, ташкили шӯршӯйии заминҳо ва сармоягузории начандон калон барои сохтмони шабакаҳо.
Барои босифат гузаронидани обмонӣ дар замини нағз ҳамвор кардашуда бояд воситаҳои техникии зарури таъминкунии об, ки босуръат ва мунтазам тақсимоти обро таъмин менамояд, истифода бурд.
Яке аз технологияҳои обсарфакунанда, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа дар қитъаи намоишӣ муаррифӣ карда шудааст, ин обмонӣ бо ёрии қубурҳо мебошад. Ин усули обёрикунӣ барои хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд навоварӣ мебошад.
Тавсифи техникии қубури обёрикунанда:
Диаметри қубури обёрикунанда | 40 мм |
Ашё | Полиэтилен |
Вазн | 100 гр |
Дарозӣ | 40 см |
Обгузаронӣ | 0,1-1,5 л/с |
Самаранокии техникию иқтисодии қубури обёрикунанда
Нишондиҳанда | Дастовардҳои илмию техникӣ |
Маҳсулнокии меҳнати обмон | 2-2,2 маротиба кам мешавад |
Сарфаи оби обёришаванда аз меъёри обмонӣ | 20-25% |
Муҳлати истифодабарӣ | 10-15 сол |
Коэффитсиенти намшавии хок | 0,70-0,91 |
Коэффисиенти истифодабарии об | 0,8-0,95 |
Ҳангоми истифодабарии қубури обёрикунанда оби обёришаванда сарфа мешавад ва обпартои оби обёришаванда пешгирӣ карда мешавад, ки дар натиҷа эҳтимолияти дубора ботлоқшавии хокро аз байн мебарад.
Ҳангоми обмонӣ ба ҷӯякҳо истифодабарии қубурҳои обёрикунандаи полиэтиленӣ мақсаднок мебошад. Дарозии қубурҳои обёрикунандаи полиэтиленӣ 30-35 см буда, онро чунин ҷойгир менамоянд, ки 3-5 см аз оби дар ҷӯяки обёришаванда буда баланд ва аз ҷӯйбори обёрикунанда 5 см паст ҷойгир бошад. Истифодабарии технологияи мазкур ба мо имконият медиҳад, ки ба ҳар як ҷӯяк ҳаҷми якхелаи оби обёришаванда дода шуда, намшавии якхелаи заминро ба даст оварем.