Дар моҳи май барои боғи себ корҳои тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи себ, даровардани нурӣ (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) бояд гузаронида шавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солонаи даровардан 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад. Дар заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.
Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони ширинчаи хунин, сипарболак дошта бошад, бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллик 2 л (ё Данадим Эксперт 2 л)+равғани Ариа 80% 10 л бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои қӯтурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгитсидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, Топаз 0,3-0,4 л бо 800-1000 л/об омехта пошидан лозим аст. Барои зараррасонҳо бошад инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га ё Энжио 0,3 л, Нурел Д 1,0 л якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо яке аз ин маводҳо, яъне Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л+ 0,5 л/га Coda micro, ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7-1,0 л, Codafol 150 1,0 л бо 800-1000 л/об истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи 10-15 рӯз 3-4 бор гузаронидани коркард тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши дарахти себ ва калоншавии мева мусоидат мекунад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.