Барои зироатҳои полезӣ дар моҳи май — шинонидани тухмиҳои харбуза ва тарбузи дерпаз, полезии барвақтии кишткардашударо коркарди байниқаторӣ, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё Codafol 8 -11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг (барои 1 га бо 200- 300 л об омехта) пошидан тавсия дода мешаванд. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (антракноз, гардзании ордак, пӯсиши реша, доғзании биринҷӣ (касалии зард) гузаронида, коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгиситҳои Браво 2,0 л/га, Ридомил голд 2,5 кг/га, Топаз 0,3 л/га, Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (бо 300-400 л об) тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, ширинча, трипс, тортанаккана, пашшаи харбуза заҳрдоруи Аваунт 0,450 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, Тиовит Джет 80% 2 кг/га, Вертимос 0,5 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио, 1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л обро истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит, инсектиситҳо ва ангезандаҳо (стимулятор, Агровитамини У-90 5л+0,5 л/га Coda micro якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Истифодабарии плёнка имкон медиҳад, ки ҳарорати хок тез баланд шавад, сабзиши алафҳои бегонаро суст гардонад ва намиро нигоҳ дорад. Инчунин плёнка имконияти тезонидани пухтарисии ҳосилро таъмин месозад. Дар замини гарм шинонидани кӯчат ё тухми киштшуда хуб афзоиш ёфта, аз касалиҳо кам зарар мебинанд ва коркарди кимёвиро камтар талаб мекунанд. Ҳангоми кишти тухмӣ тухмиро аз плёнка дар чуқурии 5-7 см шинонидан тавсия дода мешавад. Баъди сабзида баромадани баргҳои растанӣ бо мақсади ба плёнка нарасидани барг плёнкаро зуд шикоф карда, баргҳоро 1 рӯз пас берун кардан лозим аст. Пешгирӣ аз касалиҳоро бо фунгидситҳои Браво 25 гр, Топаз 5 гр, Курзат 35 гр, Тиовит Джет 40 гр бо 10 л об омехта карда, пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳо бошад, яке аз ин инсетиситҳоро истифода баред: Энжио 3 гр, Аваунт 15 гр, Каратэ 7 гр (бо 10 л об маҳлул карда, истифода бурдан мумкин). Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва усули кимёвӣ гузаронида шаванд. Коркарди кимёвӣ бар зидди алафҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор ва алафҳои яксолаи дупаллагӣ бо гербисити Фюзелад форте 30-50 гр бо 10 л об маҳлул карда, пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад.