Дар ҷануби мамлакат барои пиёзи пешпазак корҳои агротехникӣ, ба монанди ғунучини ҳосил, тоза кардани алафҳои бегона, обёрӣ ва ғизодиҳӣ аз барг мебошад. Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи май ғизодиҳии пиёзи пешпазак аз барг тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС якҷоя, ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 300 литр об, ки ин маводҳо барои тезонидани афзоиши пиёзи пешпазак ва барои барвақт пухтарасияш мусоидат мекунанд. Барои пиёзҳои миёнапаз бошад, даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Бар зидди касалии пероноспороз (ҷел) пошидани фунгиситҳои Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб медиҳад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва усули кимёвӣ гузаронида шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.