Дар моҳи май бояд обёрӣ, ғизодиҳӣ, нарм кардани байни қаторҳо ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ гузаронида шавад. Ҳангоми пайдошавии зараррасонҳо истифодабарии маводҳои Вертимос 15 мл ё Нурелл Д 5 мл+10 мл равғани Ариа 80% якҷоя бо 10 л об, тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо дар давраи гулкунӣ пошидани маводи Coda B-Mo 150 мл якҷоя бо 100 л об муфид аст. Ғизодиҳӣ то гулкунӣ ва давоми он N – 100 гр/2 маротиба барои ҳар як буттаи лимӯ дода шавад, аз барг бо Агровитамин 15 мл+10 мл 10 л/об CODA micro Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг бо 800-1000 литр об омехта карда, пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди заррарасонҳои сафедболак биоинсектисити нав истифода баред, масалан Белла тута 1 л якҷоя бо 300 л об, бегоҳӣ соати 18-19 коркард гузаронед. Ҳангоми коркард баргҳои лимӯ пурра тар шаванд. Ин чорабиниро ҳар ҳафта як маротиба бо усули чангкунӣ (тӯпалангӣ) иҷро карда шавад. Дар вақти башаклдарории ниҳолҳои нав шинонида ба буриши шохаҳои буттаи лимӯ бояд аҳамият дода шавад, чунки дар вақти коркард маҳлули корӣ пурра ба ҳамаи шохаҳои лимӯ дастрас шавад. Агар дар гармхонаҳои лимӯ тортанакканаи нуқрагин ё сурх пайдо шавад, то вақти гулкунӣ ё баъд аз гулкунӣ коркард бо маводи ҶОО (ИСО) 0,5%, Орто стан (Ортус) акаритсит 10 мл бо 10 л об ё Вертимос 4% 15 мл якҷоя бо 10 л об дар ҳар 7-10 рӯз гузаронидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.