Чормағз дарахти намидӯст ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои захира гардидани намии зарурӣ дар сатҳи ҷойгиршавии реша бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад, ин имкон медиҳад, ки дар баҳор намии зарурӣ захира шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок маҳкам намудан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маводи Фоликур 1 л ё Косайд 2,5 кг+0,6 л Талстар бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, давраи оғози мевабандӣ пошед, агар дар даруни танаи чормағз кирм бошад ва ё қади дарахт баланд бошад инсектитсиди Актара истифода баред, 10 гр мавод бо 10 л об маҳлул омода карда, дар гирду атрофи дарахтҳо хандақча канда, маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин чорабиниро дар давоми 1 сол 3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои мевахӯрак, баъд аз гулкунӣ, вақти калоншавии мева коркарди кимёвӣ гузоронед (0,6 л Талстар, 1,0 л Нурел Д, 0,8 л Каратэ бо 800-1000 л/об). Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л +1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7-1,0 л, Codafol 150 1,0 л якҷоя бо 800-1000 л/об истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи коркард 10-15 рӯз 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши дарахти чормағз ва калоншавии мева мусоидат мекунад.
Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.