Дар моҳи май тавсия дода мешавад, ки ғизодиҳӣ бо Агровитамин У 90,5 л + 0,5 л Coda micro, Codamin 2,0 л, Codafol 8-11-3 0,7 л , Оракул мкс 1,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг (барои 1 га бо 200- 300 л об омехта) ба барг мепошанд. Ин дору тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиро тез мекунад, аз хунукӣ ва гармӣ эмин нигоҳ медорад, панҷазании ғалладонагиҳоро зиёд мекунад. Ғизодиҳӣ барои гандуми тирамоҳӣ (50-60 с/га) – бо меъёри нитроген (N) 200 кг/га, фосфор (Р₂О₅) 50 кг/га, калий (К₂О) 30 кг/га даровардан ва агар тухми юнучқа кишт шуда бошад, бо меъёри 50% даровардан тавсия дода мешавад. Барои гандуми баҳорӣ, вобаста ба ҳолати афзоиши гандум 50 кг/га нитроген, 40 кг/га фосфор ва 25 кг/га даровардани нурии калийӣ тавсия дода мешавад. Ин нуриҳоро бо ҳисоби моддаи таъсирбахш медиҳанд.
Агар дар киштзор алафҳои бегонаи тирамоҳӣ Овсюг (Бомус) ё Плевел сабзида бошанд, бо гербитсиди Топик 080.к.э (барои 1 га 0,3-0,5 л бо 200-300 л об омехта) коркард гузаронед. Мубориза бар зидди алафҳои паҳнбарг: гербитсиди Гранстар 75 ДФ (барои 1 га 15-20 гр бо 200-300 л об омехта) тавсия дода мешавад. Коркардро ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан тавсия дода мешавад. Гербидсити Топикро барои зироати ҷав истифода бурдан тавсия дода намешавад. Агар гандум якҷоя бо юнучқа (люцерна) кишт шуда бошад, гербидсити Гранстар 75 ДФ истифода бурдан мумкин нест, дар ин ҳолат гербитсити Базагран 2,8 л/га бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад.
Барои пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои гандум фунгитсиди Тилт 0,5 л/га, Алто Супер 0,3-0,5 л/га ва барои зараррасонҳо Каратэ 5% к.э 0,2 л/га (ба 200-300 л/об) якҷоя бо фунгиситҳо истифода бурдан тавсия дода мешавад.