Дар моҳи май барои токзор вақти даровардани нуриҳои минералӣ, гузаронидани хомток (зеленная обломка), обёрӣ, коркарди кимёвӣ ва тоза кардани ҷӯйборҳои ангурзор аз алафҳои бегона мебошад. Тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ чунин аст: дар масофаи 50 см аз танаи растанӣ аз чор тараф чуқурича канда, нуриро рехта, болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии он 25 то 30 см бошад, кифоя аст. Меъёри нуриҳо вобаста ба синну соли ангур ба назар гирифта мешавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) ва аммофос, нитроаммофоска додан лозим аст. Агар дар дохили ангурзор кирми ордакмонанди ангур бошад, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсити Актеллик 2 л (ё Данадим эксперт 2 л) бо 1000 л об маҳлул карда, навдаҳо ва танаи ангурро то гардани реша коркард карда, гирду атрофи решаро тоза ва побел кардан тавсия дода мешавад. Ба касалиҳои ангур Антракноз, Оидиум, Гардзании ордак: 2,0 кг Косайд фунгитсид (ё Ридомил голд 0,6 кг) бо 1000 л об маҳлул карда, ҳангоми пайдоиши 6-8 барг пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин, заҳрдоруи Импакт 25% 100-150 мл, Фоликур 22,5% 250 мл, Топаз 10% 300 мл, Топсин-М 70% 1,0 кг, Тиовит Джет 80% 6 кг бар зидди зараррасонҳои кирми хӯша (гроздевая листовертка), бар зидди тортанакканаҳои боғ заҳрдоруи Нурел Д 55% 1,0 л, Каратэ Зеон МКС 0,5 л тавсия дода мешавад. Барои афзоиши ангур дар вақти нашъунамо Агровитамин У 9 1,0 л + 0,5 л Coda micro якҷоя, 0,7 л Codamin, Оракул мкс 1,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг бо 800-1000 л об омехта карда, ба барг пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.