Корҳои иҷрошаванда дар боғи шафтолу, ин тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани нуриҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо мебошанд. Пешгирӣ аз касалии пажмурдашавии баргҳо, қӯтурак, гардзании шафтолу коркард бо фунгитсиди  Браво 2,5 л, Косайд 2 кг ё Топаз 0,5 л ё  Скор 0,2 л+0,1-0,15 л инсектисидҳои  Десис 10% +10 л равғани Ариа 80% (Каратэ 0,6-0,8 л, Энжио 0,3 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, коркард кардан тавсия дода мешавад.

Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан зарур аст. Додани нуриҳои нитрогениро ба нақша гиред. Нуриҳоро дар боғҳои ҳосилдиҳанда дар чуқурии на кам аз 20 см истифода намоед. Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пеш аз гулкунӣ пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л об истифода баред. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳии аз барг бо яке аз ин мавод, яъне Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул МКС (ё CODA мкс 0,5 л, CODA 8-11-3  1,0 л, CODAFOL 150  1,0 л/га якҷоя бо 300 литр об истифода баред. Коркард дар давраи нашъунамо бо фосилаи 15-20 рӯз 3-4 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Ин мавод барои афзоиши дарахти шафтолу ва калоншавии мева мусоидат мекунанд.