Моҳи апрел барои боғи себ ин тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи себ, даровардани нурӣ (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) бояд гузаронида шавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда даровардани 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад. Нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мавриди истифода ҳатман бояд бо хок омехта карда шаванд. Дар заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.
Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии сӯхтаи бактериявӣ (бактериалный ожог), зараррасони ширинчаи хунин дошта бошад, бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (ё Данадим Эксперт 2 л)+равғани Ариа 80% 10 л якҷоя бо 1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи муғчабарорӣ бар зидди зараррасони гулхӯрак инсектисити Калипсо 0,18-0,3 л бо 600-1000 л об омехта, бар зидди касалии сӯхтаи бактериявӣ пеш аз гулкунӣ инсектисити Касумин 3-4 л бо 600-800 л об омехта карда, ҳатман истифода бурдан тавсия дода мешаванд. Барои пешгирии касалиҳои қӯтурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгитсидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, Топаз 0,3-0,4 л бо 1000 л об омехта, барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га ё Энжио 0,3 л, Нурел Д 1,0 л якҷоя карда, коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пошидани Coda B-Mo 200-250 мл якҷоя бо 100 л об омехта карда, истифода баред. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳии аз барг бо яке аз ин мавод, яъне Агровитамин 0,5 л+1,0л Оракул МКС (ё CODA мкс 0,5 л, CODA 8-11-3 1,0 л, CODAFOL 150 1,0 л/га якҷоя бо 300 литр об истифода баред. Коркард дар давраи нашъунамо бо фосилаи 15-20 рӯз 3-4 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Ин мавод афзоиши дарахти себро хуб карда, ба калоншавии мева мусоидат мекунанд.
Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.