OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Дар моҳи апрел кӯчати карами брокколӣ омода мешавад. Дар ин марҳила кишт дар замини кушод оғоз меёбад ва барои шинонидани кӯчат дар замини кушод аз гармхонаҳои мавсимии камоншакл истифода баред. Ин усул кӯчати киштшударо аз сардиҳои ногаҳонӣ эмин нигоҳ медорад. Замини киштмешударо аз рӯи агротехникаи парвариши зироати мазкур омода кунед. Асосан дар вақти шинонидани кӯчат дар замини кушод карами брокколӣ бояд 40-50-рӯза бошад. Дар ин марҳила кӯчати он бояд панҷ ва ё шаш баргҳои ҳақиқӣ дошта бошад, ки ин маънои фарорасии ба замини кушод шинонидани кӯчатро дорад. Вақти беҳтарин барои шинонидани кӯчат ин саҳари барвақт ё дар ҳавои тира мебошад. Нақшаи муътадили кишт 35 см ба 50-55 см мебошад. Пеш аз шинонидани кӯчати карами брокколӣ ба ҳар як чуқурчаҳо андохтани 6-7 гр нурии нитроаммофоска тавсия дода мешавад. Баъд аз шинонидани кӯчат ба киштзор об диҳед.