Ҳаво гарм шуда истодааст ва барои боғи зардолу дар моҳи апрел гузаронидани обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, даровардани нуриҳои нитрогенӣ N, (NPK) тавсия дода мешавад. Барои муҳофизат аз ҳашарот сафед кардани тана (штамб) бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза+1 кг поруи гов, (50 мл БИ-58 нав), ё 2-3 л шираи оҳак+0,5 кг купороси мис, 1 кг хоки тоза, Би 58-и нав 50 мл ва 1 кг поруи гов якҷоя бо 10 л об маҳлул намуда, молидан зарур аст. Гузаронидани коркард баъд аз гулкунӣ, яъне пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (клястеспориоз ва пӯсиши мониалӣ) бо фунгитсити Хорус 0,350 кг+0,6-0,8 л Каратэ 5% (инсектисит) ё ин ки бо Скор 0,2 л + 0,1-0,3 л Энжио якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, бар зидди зараррасонҳои почакғафс (толстоножка), филаки зардолу (урюковый слонник), ғилофдори туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт, ширинча пошидан тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л об пеш аз гулкунӣ истифода баред. Дар фазаи мевабандӣ Агровитамин 2,0 л бо ҳамроҳи Coda МКС 0,3-0,5 л ё 1,0 л Оракул мкс (якҷоя бо 600-800 л об омехта карда) аз барг пошидан тавсия мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.