Барои боғи гелос дар моҳи апрел корҳои тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо муҳим мебошанд. Инчунин, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон аз мадди назар дур нест. Пеш аз гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ коркард бо фунгитсидҳои Скор 0,2 л, Хорус 0,3 кг, Топаз 0,3-0,4 л ё Косайд 2,0 кг+2 л Актеллик ва ё яке аз ин инсетитситҳо (Энжио 0,25 л, Каратэ 5% 0,6 л, Десис 10% 0,15 л)+10 л равғани Ариа 80% якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда), то гулкунӣ, баъд аз гулкунӣ ва вақти мевабандӣ коркард кардан тавсия дода мешавад. Ин коркард барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва ҳашаротҳои сипарболак, тортанаккана натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои нағз гардолушавии гулҳо, пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л об пеш аз гулкунӣ истифода баред. Дар марҳилаи мевабандӣ Агровитамин 2,0 л бо ҳамроҳи Coda МКС 0,3-0,5 л ё 1,0 л Оракул мкс (якҷоя бо 600-800 л об) аз барг истифода бурдан тавсия мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.