Дар моҳи апрел тавсия дода мешавад, ки ғизодиҳӣ бо Агровитамин У 9 0,7 л+0,5 л Coda micro (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан мепошанд. Онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиҳоро тез мекунанд, аз хунукӣ эмин нигоҳ медоранд, панҷазании ғалладонагиҳоро зиёд мекунанд. Ғизодиҳӣ барои гандуми тирамоҳӣ (ҳосилнокӣ 50-60 с/га) – бо меъёри нитроген (N) 200 кг/га, фосфор (Р₂О₅) 50кг/га, калий (К₂О) 30 кг/га даровардан лозим аст. Агар дар киштзори ғалладонагӣ тухми юнучқа кишт шуда бошад, меъёри 50% даровардан тавсия дода мешавад. Барои гандуми баҳорӣ вобаста ба ҳолати афзоиши гандум 50 кг/га нитроген, 40 кг/га фосфор ва 25 кг/га даровардани нурӣ тавсия дода мешавад. Ин нуриҳоро ба ҳисоби моддаи таъсирбахш медиҳанд.
Агар дар киштзор алафҳои бегонаи тирамоҳӣ овсюг (бомус) ё плевел сабзида бошанд, бо гербитсиди — Топик 080.к.э (барои 1 га 0,3-0,5л бо 200-300 л об омехта) коркард гузаронед. Барои мубориза бар зидди алафҳои паҳнбарг гербитсиди Гранстар 75 ДФ (барои 1 га 15-20 гр бо 200-300 л об омехта) истифода баред. Коркардро ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан тавсия дода мешавад. Гербитсиди Топикро барои зироати ҷав истифода бурдан тавсия дода намешавад.
Барои пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои гандум фунгитсиди Тилт 0,5 л/га, Алто Супер 0,3-0,5 л/га ва барои зараррасонҳо Десис 10% 0,1 л/га, Каратэ 0,2 л/га якҷоя истифода бурдан тавсия дода мешавад.