Чормағз дарахти намидӯст ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои захира гардидани намии зарурӣ дар сатҳи ҷойгиршавии реша бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки намии зарурӣ захира шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок маҳкам намудан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан зарур аст. Инчунин, нуриҳои нитрогениро ба нақша гиред. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маводи Фоликур 1 л ё Косайд 2,5 кг+0,6 л Талстар якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, то бедоршавии муғчаҳо пошед, агар дар даруни тана кирм бошад ё дарахт қадаш баланд бошад, дар вақти бедоршавӣ, дар вақти нашъунамо инсектитсиди Актара истифода баред, 10 гр мавод бо 10 л об маҳлул омода карда, дар гирду атрофи дарахтҳо хандақча карда, маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин чорабиниро дар давоми 1 сол 3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои мевахӯрак, баъд аз гулкунӣ, вақти калоншавии мева коркарди кимёвӣ гузаронед.