Агар навъҳои ремонтантӣ дошта бошед, ҳарорати дохили гармхонаро бояд шабона +16 рӯзона то +27°С таъмин намоед, баргҳои калон ва зардшуда, сабзаи афзоиши иловагӣ (мӯйлаб), меваҳои майда ва бесифатро чида партоед. Бо зарурат ягона кунед, чунки ин кор барои гирифтани ҳосили босифат ва барвақтиро таъмин мекунад. Дар заминҳои кушод корҳои парвариши қулфинайро оғоз диҳед, аз алафҳои бегона тоза карда , баргҳои калон, зардшуда, касалро чида, ягона кунед, қаторҳои қулфинайро пурра бо кӯчат таъмин кунед, ҷӯякҳоро тоза карда ғизо дароред ва нарм кунед, коркард бо Агровитамин 20 мл+ 30гр, Оракул МКС якҷоя бо 10 л об гузаронед. Ин коркард афзоиши растаниро метезонад ва ҳосили онро калон ва босифат мекунад, инчунин бо зарурият аз плёнкаи полиэтиленӣ истифода бурда, рӯйпӯш кунед ва обёрӣ кунед. Агар гармии ҳаво баланд шавад, плёнкаҳоро гиред. Дар заминҳои кушод, намуди дигари ҳифзи қулфинай вуҷуд дорад, масалан истифодабарии коҳи майда. Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашаванд. Коркарди кимёвиро кам истифода баред, зеро талаботи коркарди қулфинай дигар аст. Заҳрдоруҳоро аз реша дар вақти обёрӣ кардан додан лозим аст. Ҳангоми пайдошавии касалиҳо бо маводи Топаз 0,3л, Хорус 0,4 кг/га тариқи барг ҳангоми пайлоиши гулҳо пошидан лозим аст. Барои зараррасонҳо бо маводи Актара 3,6 кг/га, Вертимек 1 л/га аз реша бо обёрӣ додан лозим аст, чунки ин маводро аз барг пошидан қатъиян манъ аст. Дар хотир доред, ки 30 рӯз пеш аз пухта расидани ҳосил истифодабарии ҳама намуди пеститсидҳо манъ карда шавад.