Корҳои агротехникии пиёзи пешпазак, ки дар моҳи март бояд иҷро карда шаванд, ин давом додани кишти пиёзи дерпаз мебошад. Бояд заминро барои кишт дуруст тайёр карда шавад. Ҷуфт кардани замин, даровардани нуриҳои минералӣ пеш аз кишт бо меъёри Нитроаммафоска 300 кг, Карбамид 50 кг, интихоби тухмиҳои босифат барои ба мӯҳлати дароз нигоҳ доштан (Банко, Берекет, Ёқут (сурх), Байрам, Қаратол, Меъроҷ) ва гузаронидани кишти тухми пиёзи дерпаз муҳим мебошанд. Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво ғизодиҳии пиёзи пешпазак аз барг тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин-0,5 л+1,0 л Оракул МКС якҷоя бо 300 литр об (гармӣ +5°С), ки ин мавод барои кӯчатҳои пиёзро аз хунукиҳо эмин доштан тавсия дода мешаванд. Барои пиёзҳои пешпазак бошад даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Пешгирӣ аз касалии пероноспороз (ҷел) пошидани фунгиситҳо дар аввали моҳи март барои ҷануб бо маводи Ридомил голд 2,5 кг/га (2 маротиба дар ҳар 6-7 рӯз як бор), Скор 300 мл, Курзат 2 кг/га якҷоя бо 200-300 л об. Агар пиёз касалии переноспороз шуда бошад, фунгиситҳои контактиро истифода баред, масалан Косайд 2 кг/га тавсия дода мешавад. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб мегузорад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад.