Дар моҳи март бояд обёрӣ, ғизодиҳӣ, нарм кардани байни қаторҳо ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ гузаронида шавад. Ҳангоми пайдошавии зараррасоҳо истифодабарии маводи Нурелл Д 5 мл + 15 равғани Ариа 80% якҷоя бо 10 л об тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолулшавии гулҳо, пеш аз гулкунӣ пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл якҷоя бо 100 л обро истифода баред. Ғизодиҳӣ то гулкунӣ ва давоми он N – 100 гр/2 маротиба барои ҳар як буттаи лимӯ дода шавад, аз барг бо Агровитамин 15 мл + 10 мл 10 л/об CODA mic тавсия дода мешавад. Инчунин, вобаста ба иқлими маҳал шинонидани ниҳоли лимӯ фаро расид. Бар зидди зараррасонҳои сафедболак биоинсектисити нав истифода баред, масалан Белла тута 1 л якҷоя бо 300 л об, бегоҳӣ соати 18-19 коркард гузаронед. Ҳангоми коркард баргҳои лимӯ пурра тар шаванд. Ин чорабинӣ ҳар ҳафта як маротиба бо усули чанг кардан (тӯпалангӣ) иҷро карда шавад. Дар вақти башаклдарории ниҳолҳои нав шинонидашуда ба буриши шохаҳои буттаи лимӯ бояд аҳамият дода шавад, чунки дар вақти коркард маҳлули корӣ пурра ба ҳамаи шохаҳои лимӯ дастрас шавад. Агар дар гармхонаҳои лимӯ тортанакканаи нуқрагин ё сурх пайдо шавад, то вақти гулкунӣ ё баъд аз гулкунӣ маводи ҶОО (ИСО) 0,5°, Орто стан (Ортус) акаритсит 10 мл якҷоя бо 10 л об дар 7-10 рӯз истифода баред.