Асосан дар моҳи март мавсими тайёр намудани тухмиҳои картошка барои кишт, оғози кишти картошкаи миёнпаз мебошад.Дар ҷануби мамлакат картошкаи кишткардашударо коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини У-9 0,5 л + 1 л/га Оракул МКС, хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша) гузаронидани коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га якҷоя бо 300-400 л об тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, гамбӯсаки колорадоӣ 0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио,1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит ва инсектитситҳоро якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад.