Барои ҷуворимакка дар моҳи март интихоби дурусти тухмиҳои тезпаз ва дерпаз, ба киштзори интихобшуда даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ мебошад. Оғоз аз даҳаи дуюми моҳи март кишти тухмӣ дар заминҳои кушод мумкин аст. Аз 10 март сар карда, вақте ки ҳарорати хок 7-8° мешавад кӯчати ҷуворимаккаро дар заминҳои кушод гузарондан мумкин аст. Баъд аз шинонидани кӯчатҳои ҷуворимакка коркард бо Агровитамини У-9 20 мл + 25 мл Оракул мкс якҷоя бо 10 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад, ки он кӯчати шинонидашударо аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад. Мубориза бар зидди зараррасонҳо: кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар бо маводи НуреллД 0,3 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад.