Дар моҳи март кишти гандуми лалмӣ давом дорад. Аз ин лиҳоз, барои тайёр кардани замин ба кишти гандум, ҷуфткунии заминҳои лалмиро бо чуқурии 20-25 см гузаронидан лозим аст. Инчунин барои интихоби тухмиҳо ва тайёр намудани онҳо барои кишт, яъне тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, заҳролудкунӣ бо заҳролудкунандаҳои Максим ХL 1,0 л бо 10 литр об омехта ба 1000 кг гандум, Витавакс 200 ФФ, 34 % в.с .к 1,5-2,0 л бо 10 литр об омехта ба 1000 кг тухми гандум, ДИВИДЕНТ ЭКСТРИМ 115 т.к.с 0,4 кг бо 10 литр об омехта ба 1000 кг тухми гандум тавсия дода мешавад. Мӯҳлати кишт ба иқлими минтақаҳо вобаста аст. Меъёри кишти тухмӣ 130-160кг (барои кишт вазни 1000 дона тухми гандум аз 42 гр кам набошад, тухми репродуктсияҳои R I – R II истифода баред). Дар моҳи март тавсия дода мешавад, ки ғизодиҳӣ бо Агровитамини У 90,7 л+0,5 л Coda micro (барои 1 га бо 200- 300 л об омехта) ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан пошанд. Онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиро тез мекунанд, аз хунукӣ эмин медоранд, панҷазании ғалладонагиҳоро зиёд мекунанд. Ғизодиҳӣ барои гандуми тирамоҳӣ (50-60 с/га) – бо меъёрӣ нитроген (N) 200 кг/га, фосфор (Р₂О₅) 50 кг/га, калий (К₂О) 30 кг/га даровардан тавсия дода мешавад. Барои гандуми баҳорӣ вобаста ба ҳолати афзоиши гандум 50 кг/га нитроген, 40 кг/га фосфор ва 25 кг/га даровардани нурӣ тавсия дода мешавад. Ин нуриҳоро ба ҳисоби моддаи таъсирбахш медиханд.
Агар дар киштзор алафҳои бегонаи тирамоҳӣ Овсюг (Бомус) ё Плевел сабзида бошанд, бо гербитсиди — Топик 080. к.э (барои 1 га 0,3-0,5 л бо 200-300 л об омехта) коркард гузаронед. Коркард ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан тавсия дода мешавад. Гербитсиди Топик барои зироати ҷав тавсия дода намешаванд.
Барои пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои гандум фунгитсиди Тилт 0,5 л/га, Алто Супер 0,3 л/га ва барои зараррасонҳо Десис 10% 0,1 л/га, Каратэ 0,2 л/га якҷоя бо фунгитситҳо истифода бурдан тавсия дода мешаванд.